ХОИНӢ МИЛЛАТ КАБИРӢ ВА БАЁНИЯИ ДУРЎҒУ ҶИНОИИ ОН

Душмани халқи тоҷик Муҳиддин Кабирӣ рўзи 10 – уми май бо Радиои Озодӣ ҳамсўҳбат шуд. Дар ин суханрони душманонаш нисбати миллати тоҷик хоини миллат Кабирӣ гуфт, ки ў мехоҳад халқи тоҷик барои расидан ба озодии худ аз силоҳ истифода намуда, ҳукумати худро сарнагун намояд. Доир ба ин гуфтаҳои хоини миллат чунин таъкид менамояд, ки халқи тоҷик ҳанўз давраҳои соли 1990 аз хотир набаровардааст.

Ба мисли лаънати Кабирӣ дигар душманони халқи тоҷик намехостанд, ки Тоҷикистон истиқлолияти худро ба даст оварда дар арсаи байналмиллалӣ мавқеи назаррас пайдо намоянд. Лекин хоҳ нохоҳ баёнияи дурўғ ифшо мешавад. Аз ин лиҳоз, халқи тоҷик аллакай солҳои 1992-1997 низои миллии худро аз сар гузаронидааст ва дарк менамояд, оппозитсияҳое, ки берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон истода ба мисли хоини миллат Кабирӣ суханҳои тўҳматангез мезананд ҳамаш дурўғ аст. Муҳиддин Кабирӣ на миллат ва на давлати худро дорад. Ў вақте, ки роҳбари ҲНИТ буд барои пешрафти давлати тоҷик ягон саҳм нагузоштааст. Бо роҳбарии худ ў бо аъзоёни ҲНИТ нақшаҳои ҷиноятии худро иҷро намуда, барои сарнагун кардани асосҳои сохти конститутсионии кишвар мубориза бурдаанд.

Доир ба суханҳои хоини миллат Кабирӣ, ки гўё ў пешравиро мехоҳад ва тараққиёти давлати тоҷикро мехоҳад саволе пайдо мешавад, ки ту лаънати Кабирӣ барои пешравӣ ва тараққиёти давлати мо кадом корҳоеро ба сомон расонида будӣ. Ҷавоби ин саволро аллакай ҳамаи халқи худогоҳи миллати тоҷик медонад. Зеро Кабирӣ барои пешрафти сулҳу субот ва истиқлолияти Тоҷикистон ягон амалҳоро иҷро накардааст. Изофа аз ин 1 миллион шаҳрвандони гузераи тоҷикро танҳо бо ҷидду ҷаҳди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ватан баргардониданд. Аз нақшаҳои душманонаи ин хоин бар меояд, ки ў намехоҳад хулқу миллати тоҷик озодона зиндаги намояд, ў танҳо мехоҳад, ки доимо дар мамлакати мо низоъ хукмфармо бошад. Лекин ин ҳама орзуҳои лаънати Кабирӣ ба ҷомаи амал нахоҳад расид. Зеро мо халқи тоҷик аз як гиребон сар бароварда намегузорем, ки вазъияти солҳои 1992-1997 боз ба сари мардум биёяд. Мо мардуми тоҷик кўшиш ба харҷ менамоям, ки супоришу дастурҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳбари гирифта ба тараққиёти мамлакат саҳми худро гузорем.

Мо бояд ба қадри неъматҳои даврони истиқлолият ва муқаддастарин арзишҳои давлату давлатдорӣ бояд расид, чунки ҳифзи ин неъмати бебаҳо барои ҳар як фарди тоҷик ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ мебошад.

 

Ахмедов Н.И. – мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like