ВАТАНДУСТИЮ ХУДОГОҲӢ – АСОСИ ПОЙДОРИИ  СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Гирдиҳамоии гайриқонуние, ки дар шаҳри Хоруғи ВМКБ рӯй дода буд, ҳеҷ як шаҳрванди сулҳдӯстро бетараф намегузорад.Таҳлилгарон ва таргибочиёнро водор менамояд, ки ба мавзӯи ватандустӣ ва риояи тартиботи ҷамъиятӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоем.

Таъмини амнияти миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, пойдор нигоҳ доштани сулҳу ваҳдат на танҳо аз  фаъолияти мақсадноки сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин аз худшиносӣ ва ватандустии шаҳрвандон дар шароити таҳдид ба амнияти шахс, ҷомеа ва давлат амалиёти зарурӣ ба ҳисоб меравад. Сиёсати дохилӣ ва берунии Ҳукумати Тоҷикистон ба нигоҳ доштани сулҳ, таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи тамоми объектҳои бехатарӣ, гирифтани пеши роҳи таҳдид нигаронида шудааст.Таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаҳои зерин иборат аст:пешгӯӣ ва огоҳии саривақтӣ аз таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Гузаронидани чораҳои фаврӣ барои пешгирии падидаҳое, ки хатар эъҷод менамояд.

Зарурияти ташвиқоти бечунучаро риоя намудани қонунҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби шаҳрвандон.Таъмини суверенитет ва якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти сарҳади он.Таъмини амнияти шахсии сокинони кишвар, ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии онҳо.Мустаҳкам намудани тартиботи чамъиятӣ ва ҳифзи осудаҳолӣ, таъмини риояи ҳатмии қонуннигории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳамаи шаҳрвандон, ҳизбҳои сиёсӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ.

Рушд додани имкониятҳои ҳарбии давлат; пешгӯӣ ва пешгирии сабабҳое, ки ҷинояткориро афзун мегардонад; боло бардоштани нақши давлат ҳамчун кафили амнияти шаҳрвандон, тақвият бахшидан ба фаъолияти сулҳпарварона зери сарпарастии СММ ва ташкилотҳои байналхалқӣ, муқобилият ба таҳдиди муборизаҳои иттилоотӣ; гузаронидани чораҳои сиёсӣ, дипломатӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ. Баҳри таъмини амнияти  миллӣ, сулҳ, ягонагӣ барои бартараф кардани гурӯҳбозиҳо. Таъмини суверенитет ва якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти сарҳади  дар Паёмҳои солона ба  маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳатҳои Консепсияи амнияти миллии Ҷумҳурӣ муайян менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон субъекти асосии таъмини амнияти миллӣ давлат буда, ин вазифа тавассути ҳокимияти қонунузор, иҷроя ва судӣ  амалӣ мегардад. Доираи вазифаҳои  системаи амнияти миллӣ хеле васеъ буда, гайр аз вазифаҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амният” муайян намудааст, ки давлат вазифаҳои дигари  мухталифро ба  анҷом мерасонад ,ки он ба таъмини амнияти миллӣ мусоидат менамояд. Дар ин соҳа самти муҳими сиёсати давлат ҳаллӣ  вазифаҳои соҳаи иқтисодӣ мебошад ,яъне  ин рушди  иқтисодиёти кишвар, пеш бурдани иқтисоди мустақил,ки мазмуни иҷтимоӣ дорад ки ба туфайли он ҷойҳои нави кори омода мегардад .Бартараф намудани тобеият ба илму техникаи хориҷӣ. Афзун намудани истеҳсоли ватанӣ;ташкили фазои ягонаи иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ,ҳифз ва рушди захираҳои илми техикӣ,технологӣ ва истеҳсолӣ,ривоҷ додани маҳсулоти ватании рақобатпазир ва некуаҳволии халқ мебошад.

Мубориза бурдан барои пойдории сулҳу ваҳдат сифати олитарини ҳар як шахси ватандӯст аст. Дар шуури ҷамъиятӣ меҳанпарастӣ бо худшиносии миллӣ пайваст буда асосҳои объективӣ ва субъективӣ доранд. Мо кормандони соҳаи маориф-омузгорон, дотсентон, профессорон мардуми  шарафманди Бадахшонро даъват менамоем, ки ба гирдиҳамоиҳои гайриқонунӣ роҳ дода сулҳу ваҳдати тоҷиконро халадор накунанд, ки на  ба манфиати мардуми Бадахшон на  ба манфиати халқи тоҷик мебошад зеро, ки сулҳ ва ваҳдат арзиши бузург аст.

 

Ахмедова М.А. дотсенти кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ

You might also like