ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ-ФАРХАНГӢ
Тоҷикон аз замонҳои хеле қадим, яъне дар тӯли таърихи беш аз 6000 – солаи худ соҳиби саводу дониш, девону дафтар, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне миллати фарҳангсолору тамаддунсоз мебошанд.
Ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худогоҳиву худшиносии мардум, инчунин, барои тарбияи наслҳои имрӯза истифода кардани мероси бузурги ахлоқиву маънавӣ ва арзишҳои ҷовидонаи фарҳангии гузаштагон мо тайи сӣ сол даҳҳо ҷашну чорабиниҳои муҳимро баргузор намудем.
Ҷашни 1100 – солагии давлатдории Сомониён, 2700 – солагии китоби муқаддаси «Авасто», Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1150 – солагии устод Рӯдакӣ, Соли бузургдошти Имоми Аъзам, 1000 – солагии Носири Хусрав, 800 – солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700 – солагии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ, 2700 – солагии шаҳри Кӯлоб, 2500 – солагии шаҳри Истаравшан, 3000 – солагии маданияти Ҳисор, 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва даҳҳо ҳамоиши дигар аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Дар ин раванд, мо мероси мусиқии «Шашмақом» ва «Фалак», ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Садаро дубора эҳё кардем.
Бо саъю талош ва заҳмату кӯшиши беш аз шашсолаи мо ва дастгирии дигар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ин ойини воқеан мардумии мо, ки таърихи беш аз 6000 – сола дорад, ҷаҳонӣ гардид ва мо имрӯз ифтихор мекунем, ки ҷашни бостонии мардуми мо – Наврӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гардидааст.
Дар натиҷа «Шашмақом», «Саразм», «Боғи миллии Тоҷикистон», «Наврӯз» ва «Чакан» ба феҳристи мероси ҷаҳонӣ ва феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд.
Бунёд ва ба фаъолият оғоз кардани бинои нави Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Наврӯзгоҳ, театри шаҳри Хоруғ ва 40 қасри фарҳанг дар маркази шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз дастовардҳои арзишманди фарҳангии мо дар даврони истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб мераванд.
Қабул гардидани қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва эълон шудани Рӯзи забони давлатӣ боз як қадами муҳим дар роҳи эҳтирому бузургдошти забони тоҷикӣ ва боз ҳам тавсеа бахшидани вазифаҳои ҷамъиятии он гардид.
Яке аз омилҳои асосии пойдорӣ ва густариши забони адабии тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ эҳтироми мардуми соҳибмаърифати мо ба китобу китобхонӣ мебошад.
Бо супориши Роҳбари давлат бознашр кардан ва ба ҳар як оилаи кишвар дастрас намудани шоҳасари «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Мо ба хотири ҳифзи мероси ҷовидонаи гузаштагонамон, арзишҳои бостониву ғановатманди миллӣ ва истифодаи онҳо барои пойдории давлату миллатамон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мекунем.
Мо бо ифтихор аз ҳувияти миллии худ, яъне тоҷикият, таърихи беш аз 6000 – солаи халқамон, забони ширину шоиронаи тоҷикӣ, фарҳангу тамаддуни асилу бостонӣ, мероси оламшумули ҷовидонаи гузаштагон ва арзишҳои миллиамон онҳоро ҳифз мекунем, эҳтиром мегузорем ва ба наслҳои оянда дар шакли боз ҳам пешрафта ва рушду тақвиятёфта ба мерос мегузорем.
Абдуллоев О.О. – дотсенти кафедраи баҳисобгирии бугалтерии ДДҲБСТ