ҲАДАФҲОИ ҒАРАЗНОКИ МАМАДБОҚИРОВ МАМАДБОҚИР
Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд.
Бархе аз ҷонибдорону пайравони террористон даргузашти як террорист, ҷинояткор ва хиёнаткорро гӯё ба шаҳодат расидани ӯ унвон медиҳанд. Мамадбоқиров Мамадбоқир шахсест, ки бо ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ ҳамкорӣ дошт. Аз ҷумла, бо супориши роҳбарони фирории ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати ислом бетартибиҳои оммавӣ ташкил менамуд. Мамадбоқиров М.К. аз ҷониби ТТЭ ҲНИ тавассути Алим Шерзамонов барои ташкили бетартибиҳои оммавӣ, инчунин халалдор сохтани вазъияти шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он маблағҳои калони пулӣ гирифтааст. Мамадбоқиров М.К. аз бетарафӣ ва муросокории баъзе сокинони шаҳри Хоруғ истифода бурда, фарзандони онҳо, ҷавонони аз назари донишу ҷаҳонбинӣ заифро дар атрофи худ ҷамъ карда, ғояҳои ҷиноятиро дар мафкураи онҳо ҷой намуд.
Воқеан таъсир ва ташаккули равия террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.
Умарова С.И. – муаллими калони кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минатқаи ДДҲБСТ