ҶАВОНОН – ОЯНДАИ МИЛЛАТАНД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудааст: “Ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Нақши онҳо дар ободиву осудагӣ  ва таъмини  дастовардҳои ҷумҳурӣ хело назаррас аст”.
Ҷавонон – нерӯ ва тавони бузурги созандагӣ, эҷодкорӣ ва навовариро доро буда, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа  маҳсуб мешаванд.
Дар ҷомеаи мо ҷавононе ҳастанд, ки дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвари маҳбубамон нақш ва мавқеи басо муҳимро касб намудаанд.

Ба омӯзиши илму дониш майл кардани ҷавонон далели он аст, ки онҳо хуб дарк кардаанд, ки шахси  бо илму маърифат дар ҳама ҷо соҳиби иззату икром аст ва чун хуршедест, ки атрофиёнро бо нури маърифат гармӣ мебахшад.

Бояд зикр намуд, ки омӯхтани як илм басандагӣ надорад, чунки олими беамал ба занбӯри беасал монандӣ дорад. Барои ҳамин ба ҷавонон зарур аст, ки донишҳои омӯхтаашонро дар амал татбиқ намоянд.

Донишманде перомуни ин мавзӯъ фармуда: “Нерӯи ҷавонӣ неъматест, ки бар ҳама як бор ҳадя шудаасту он бояд тарбият пазирад”.  Бе иштироки бевосита ва фаъолонаи ҷавонон дар ислоҳоти иқтисодию иҷтимоии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан ғайриимкон аст.

Бояд ёдовар шуд, ки дар яке аз суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо ҷавонони лаёқатманди кишвар омадааст: “Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ гузорем, зеро иштироки  ҷавонон дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон мақоми ҳалкунанда дошта, тақдири ниҳоии раванди мазкур аз бисёр ҷиҳатҳо ба ин қувваи бузург сахт алоқаманд аст”.

Ба маврид аст, ки бигӯем, ки Ватанро дӯст доштану аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки туфайли тарбияи ҷавонон дар заминаи онҳо, воқеан, ҳам метавон давлати муқтариду тавоно бунёд кард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳояшон ҷавононро ояндаи миллат медонанд. Ин  моро водор месозад, то бо маърифату  ҷаҳонбинии васеъ  баҳри афзун намудани нуфузу эътибори миллат саъй намоем. Маҳз ин аст, ки мо пайгири суханҳои сарвари давлат ҳастем.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонон ба ҳайси давомдиҳандаи кору пайкори аҷдодони худ, пайравони Пешвои миллат ва Созандагони имрӯзу фардои Ватан кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар оянда низ барои боз ҳам гулгулшукофонтар намудани Тоҷикистони азиз, аз пешрафти илму техника баҳравар шаванд, то мисли давлатҳои абарқудрат пешсаф бошем.

 

Туразода Ҷ. А. – декани факултети бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ

You might also like