Мамадбокиров Мамадбокир – ба кирдорҳои анҷомдодааш бояд ҷавоб диҳад

Имрӯзҳо дар шабакҳои иҷтимоии Фейсбук ва Ютуб бисёре аз шаҳрвандон (наздикони лидерони ғайрирасмии ВМКБ) ҳимоят аз як қатор ҷинояткорону бадмастон ба монанди Мамадбоқиров Мамадбоқир ки зода ва истиқоматкунандаи маҳаллаи Хоруғи болои ш.Хоруғ мебошад пуштибонӣ мекунанд.

Мо ҳеҷ гоҳ тарафдори паст задани шаъну рафи инсони бегуноҳ нестем. Он ҷиноятҳое, ки номбурда дар ҳудудҳои шаҳру ноҳияҳои ВМКБ кардааст ба мо маълум аст. Мисол, моҳи ноябри соли 2021 ки дар маркази ш.Хоруғ бетартибии омавӣ баргузор шуда буд, ин шахс даст дорад. Ҳамзамон, санаи 29.01.2022 Мамадбокиров Мамадбокир дар ҳолати масти бо ду нафар ҳаммаслакаш ба бинои Раёсати маорифи ВМКБ бе ягон далел зада даромада, сардори Раёсати маорифи вилоят Наврӯзов Лутфулоро мавриди латукӯб қарор додааст ва ӯро таҳқир намудааст. Инчунин номбурда кирдорҳои ҷиноятии худро давом дода, такроран дар дидбонгоҳи марказии шаҳри Хоруғ ба кормандони БДА итоат накарда, ҳаракати автомашинаашро давом медиҳад. Дар асоси як қатор муроҷиати шаҳвандон ва далелҳои раднашаванда бар зидди Мамадбокиров Мамадбокир парвандаи ҷиноӣ боз шуда, бо даъвати мақомот ба пурсиш ҳозир нашуда, то ҳол дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дорад.

Мо мардуми сарбаланди тоҷик аз қадим то ба ҳол тарафдори ҳеҷ як ҷинояткор набудем ва хоҳони он ҳастем, ки ҷинояткор бе ҷазо намонад.

Хушбахтона дар ватани азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо сулҳу субот пойдор аст ва мо тарафдори сулҳу субот ва пойдории амният дар минтақа ва ҷаҳон мебошем.

Бигзор бо кирдорҳои анҷомдодаи худ номбурда ҷазое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст гирифта бошад.

Қазияҳои мазкур, ки аз ҷониби ҷинояткор Мамадбокиров Мамадбокир анҷом дода шудааст, бори дигар собит месозад, ки бояд ҳарчи зудтар ба поймолкунии волоияти қонун, бетартибиҳо ва кирдоҳои ба ҷамъият хавфноки гуруҳҳои ҷинояткорӣ дар Хоруғбуда, хотима дода шавад. Танҳо сулҳу субот ва пойдории амният имкони хуби зиндагӣ ва гулгулшукуфоии миллати мо мебошад.

Айни замон, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст метавонад дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангии худро барои ҷаҳониён бо арзи сипосу ифтихор ва сари баланд нишон диҳад, ки яке аз ин дастовардҳои беназири сиёсиву таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол ин бемамоният ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу осоиштагӣ ба ҳисоб меравад ва мо халқи сарбаланди тоҷик бояд аз он ифтихор кунем ва онро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Ба қадри ҳамаи кўшишу талошҳо ва заҳматҳои шабонарўзии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати софдилонаи халқи тоҷик, ки баҳри пешравии кишварамон равона гардидааст, бирасем ва онро ҳифз намоем.

 

Ҷалолов Суҳроб – мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ

You might also like