НАҚШАЮ НИЯТҲОИ НОПОК БА МАҚСАД НАХОҲАД РАСИД

Дар сўҳбати худ роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ бо хабарнигори “Радиои Озодӣ” оиди якчанд масъалаҳои сиёсӣ изҳори андеша намудааст.

Дар посухи худ М.Кабирӣ оиди таъсиси “гурўҳи низоми”-и Паймони миллӣ изҳороти андеша намуда, иброз медорад, ки ТЭТ Ҳизби Наҳзат, Паймони миллӣ мақсади таъсис додани гурўҳи ярокнок ва бо воситаи он ба муқобили Ҳукумати қонунии Тоҷикистонро дорад. Чунин изҳорот бори дигар нишон медиҳад, ки наҳзатиҳо ҷонибдори ҷангу хунрезӣ мебошанд.

Аз тарафи дигар М.Кабирӣ бо чунин изҳорот мақсад дорад, ки дар дохили Тоҷикистон ҷавононро гумроҳ намуда, онҳоро ба муборизаи зидди Ҳукумат равона кунад.

Албатта дар хориҷа баъзе давлату ташкилотҳое ҳастанд, ки М.Кабириро дастгирӣ ва сарпарастӣ менамоянд.

Бояд қайд кард, ки М.Кабирӣ мехоҳад, дар раванди вазъияти мураккаби Руссия ва Украина фаъолияти худро фаъол гардонида диққати сарпарстони худро ҷалб намуда, аз онҳо дастгирӣ пайдо намояд.

Чунин нақшаю умед нақшаҳои хаёлию ҳавоӣ ба шумор мераванд. Зеро ТТЭ ҲНИ дар дохили мамалакат тарафдорону пайравони худро қайҳо гум карда бошад ҳам, як гурўҳи хурди парокандаю лоғар дар хориҷа пинҳонӣ чун тарсону лоғар шояд амал мекунаду халос.

Бояд қайд кард, ки Тоҷикистони имрўза, Тоҷикистони солҳои 1991-1992 нест. Имрўз мардуми Тоҷикистон хуб дарк намуданд, ки бозиҳои сиёсии наҳзатиҳо ба сари мардуми тоҷик чӣ фалокати фоҷиабор овард.

Дар натиҷа ҷонибдории сиёсати сулҳофарини Ҳукумат дар мамлакат оқибатҳои ҷангӣ бародаркуш бартараф карда шуд ва дар тўли бисту панҷ соли сулҳу ваҳдат Тоҷикистон ба дастовардҳои беназир соҳиб гардид.

ТТЭ Ҳизби наҳзат, Паймони миллӣ бо роҳбарии М.Кабирӣ аз нав кўшиш менамояд фазои сулҳу ваҳдатро дар Тоҷикистон дар раванди ҳодисаҳои Руссияву Украина халалдор намояд.

Чунин ниятҳои нопоку ифлос мебошад ва он чун бори қаҷ ҳеҷ гоҳ ба манзил нахоҳад расид.

Зеро тавре дар боло зикр карда шуд, Тоҷикистони солҳои гузашта нест. Шаҳрвандони Тоҷикистон рисолати сулҳу ваҳдат, тинҷию осоиштагиро хуб дарк намуда, онро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

Бинобар ҳамагуна даъвату ниятҳои нопоки “Паймони миллӣ” бо роҳбарии М.Кабирӣ сазовори маҳкум мебошад.

 

Одинаев А. – н. и. та., дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like