МУҲИДИН КАБИРӢ – МАҚСАДИ ТАЪСИСИ ГУРӮҲИ МУСАЛЛАҲОНАИ НАВРО ДОРАД

Ба ҳар яки мо маълум аст, ки имрӯзҳо хоинону бадхоҳони миллати тоҷик аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом ва ташкилоти экстремистӣ-террористии паймони миллӣ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ бо пешниҳоди ҳар гуна далелу рақамҳои бардуруғ мехоҳанд вазъи сиёсии Тоҷикистонро ноором сохта, боз ба сари миллати мо ҷангро ба бор оранд.

Барои мисол, рӯзи 9-уми майи соли равон тариқи расонаҳои интернетӣ Муҳиддин Кабирӣ баромад намуда, рӯи рост исброз дошт, ки бояд барои мубориза бурдан бо Ҳукумати Қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон “ҷиноҳи низомӣ”-и мухолифин таъсис дода шавад. Яъне ба гуфти М.Кабирӣ минбаъд аъзоёни гурӯҳи террористии ҲНИ ният доранд, барои мубориза бо Ҳукумати қонунӣ “ҷиноҳи низомӣ” –и таъсис дода, бо воситаи яроқ ҳокимиятро ғайриқонунӣ ғасб намоянд.

Аслан, аъзоёни ҲНИ аз азал бо роҳбарии М.Кабирӣ аз қувваи низомии худ, ки иборат аз ҷавонони гумроҳ буданд, бар зидди ҳокимияти давлатӣ истифода бурда, ҳамеша кӯшиши ғасби ғайриқонунии ҳокимият мекарданд. Ба ин, кӯшиши табаддулоти давлатӣ намудани Ҳоҷи Ҳалим Назарзода бо роҳнамоии Кабирӣ мисоли равшан мебошад.

Ҳангоми суҳбат Кабирӣ иброз намуд, ки “…чаро тамоми дунё метавонад, тамоми миллатҳо барои расидан ба озодӣ ва ҳадафҳои худ аз силоҳ истифода баранд, магар миллати тоҷик”.

Яъне Кабирӣ рӯи рост бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ мардуми тоҷикро барои мубориза бурдан бо истифода аз силоҳ даъват менамояд, чи тавре, ки ин амалро аъзоёни ҲНИ дар солҳои наваддум барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ анҷом дода, кишвари азизамонро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида буданд.

Таъсиси ҷиноҳ ва ё блоки низомӣ аз ҷониби ҲНИ гувоҳи аз он медиҳад, ки ин ташкилоти террорӣ буд ва хоҳад монд ва аз ташкилотҳои дигари террористӣ якон фарқияте надорад.

Маврид ба ёдоварист, ки роҳбарон ва аъзои ҲНИ ба ҳама ҳаракат ва ҳизбҳои сиёсии исломии ифротгарои дунё назари нек доштанд. Онҳо худро бо «Ихвон-ул-муслимин»-и Миср ду ҷониби як танга меҳисобиданд. Аз ин ҷост, ки раиси он  М.Кабирӣ пайваста дар ин ё он кишвари исломӣ меҳмони гурӯҳҳои ихвониҳо шуда, фаъолияти худро ба онҳо якхела ва баробар роҳандозӣ мекард. Барои мисол, ки намояндаи ихвониҳо дар Миср барандаи  курсии президенти ин кишвар гардид, раиси ҲНИ ба Миср рафта, Мурсиро табрик гуфт ва ба ВАО эълом дошт, ки «дар сурате, ки ихвониҳо дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон чун шабакаи террористӣ мамнӯъ эълон гардидаанд, чӣ гуна метавонанд, ки дипломатҳои олирутбаи мисрӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон гарданд». Хушбахтона, мардуми Миср аз ниятҳои шуми аъзоёни «Ихвон-ул-муслимин» огоҳ шуда, саркардагони ихвониҳоро ба ҳабс гирифта, давлати Мисрро ба мардумони он баргардониданд.

Дигар масъалае, ки моро бояд ба ташвиш андозад ин сиёсати  қадам ба қадам сӯи исломи ифротгаро роҳандозӣ кардани ТЭТ ҲНИ мебошад. Аз ин ҷост, ки аллакай ин сиёсат барои  низоми дунявият хатар эҷод кардааст. Албатта, дар кишвари мо ҳеҷ кас зидди дини Ислом нест. Вале наҳзатиҳо ҷиҳодро чун як омили асосии расидан ба ҳадафҳои исломӣ тарғиб менамоянд. Аз ин ҷост, ки садҳо ҷавонони кишвари мо маҳз бо гуноҳи Кабирӣ барои ҷиҳод ба Сурия рафтаанд.

Бо боварии комил иброз доштан мумкин аст, ки дигар мардуми Тоҷикистон ба кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ бовар нахоҳанд кард ва намегузоранд, ки Тоҷикистони азизи мо боз аз нав ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шавад.

 

Ахмедов Ш.Ш. – мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ

You might also like