Баҳри тинҷию оромии диёр ва ободии Ватан хизмат мекунем!

Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Вобаста ба ҳамин қайд кардан лозим аст, ки ягон дини мавҷудбуда одамонро ба тундгароӣ, золимӣ, бераҳмӣ, куштани одамони бегуноҳ ва фаҳш даъват намекунад. Баръакс, ин динҳо одамонро ба рафтори парҳезгарона, олиҳимматӣ, риояи қонунҳо, эътироз ба зўроварӣ ва дигар сифатҳои баланди инсонӣ даъват менамояд.

Дар Тоҷикистон  беш аз 4 ҳазор масҷид дар ихтиёри аҳли тақво қарор дорад ва мардум озодона машғули тоату ибодатанд. Фарзандҳо аз тамоми имтиёзоти рӯйиҷаҳони бархӯрдоранд: дар беҳтарин донишгоҳҳо таҳсил мекунанд, бисёр шаҳрвандони ҷумҳур соҳиби хонаҳои боҳашамату мошинҳо гаронбаҳоянд. Инкишофи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат бо маром рафта истодааст.

Ҳама корҳои хайрро Президенти мамлакат дастгирӣ намуда, ба онҳое, ки ба дигарон кӯмаки худро дареғ надоштанд, корҳои созанда ва бунёдкорӣ машғул мебошанд миннатдорӣ баён намуда истодааст. Ҳукумати мамлакат изҳор кард, ки ӯҳдадориҳои худро дар бораи дастгирии халқ давом хоҳад дод. Аммо баъзе шахсон корҳои хайрро дида истода, ба тарзи пинҳонӣ ниятҳои бадбинашро ба амал татбиқ менамояд. Мутассифона, онҳо ояндаи мамлакатро дигар хел тасаввур мекунад ва бо мақсадҳои худ тайёрӣ мебинад. Фикр намекунад, ки ояндаи Тоҷикистон на дар ҷангу бесарусомониҳо, балки дар кори бунёдкорӣ ва созанда аст. Мардуми шарифи Тоҷикистон аллакай ин роҳро интихоб карданд. Роҳи мо тинҷу оромии диёр ва ободии Ватани азизамон Тоҷикистон аст.

 

Умарова С.И. – муаллими калони кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

You might also like