Тақвияти ҳисси ватандўстӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дар ҷомеа

Ба рушди муносибатҳои  ҷамъиятӣ ҷиноят ва ҷинояткорӣ чун падидаи хавфнок ҳамеша таъсири манфӣ мерасонад. Мақомоти давлатӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва андешидани чораҳои муқовимат зидди ин зуҳуроти номатлуб пайваста тадбирҳои судманд меандешад. Ошкор ва бартараф кардани сабабу шароити содиршавии кирдорҳои терро­ристӣ ва ифротга­роӣ, ки вақтҳои охир хусусия­ти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмўи умумидавлатии муқовимат анҷом дода шаванд.

Бо ин мақсад мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар зидди ҷиноятҳои трансмиллӣ, экстремистӣ ва террористӣ маҷмўи чорабиниҳоро дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои ИДМ роҳандозӣ мекунад. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат  зидди экстремизм ва терроризм дар кишвар маҷмўи чорабиниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодаанд, ки дар байни онҳо мавқеи марказиро амали Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ишғол мекунад, ки мақсад, вазифаҳо ва принсипҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), самтҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), механизми амалӣ гардонидани онро пешбинӣ мекунад, ки ба ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми мақомот дар ин самт хеле мусоидат кардааст.

Ба амалишавии чораҳои самаранок дар соҳаи муқовимат зидди ҷинояткорӣ ва мусоидат ба ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тамоми табақаҳои ҷомеа ниёз дорад, зеро падидаҳои номатлуб, аз ҷумла экстремизм, терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба осоиштагӣ ва амнияти ҷомеа зарба зада, ахлоқи ҷомеа, махсусан ҷавононро коҳиш медиҳад ва гузашта аз ин, чунон ки борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Э.Раҳмон таъкид карданд, яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризм ва эҷоди хатар ба амнияти давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Бо шабакаи иҷтимоӣ пайваста  паҳн  гаштани маводҳои бадахлоқӣ, хусусияти зўроварӣ ва бераҳмии махсус дошта, ба тафаккури  ҷавонони имруза  бетаъсир намемонад. Дар оқибат андешаву ақидаҳои ғалат дар ҳалли муноқишаҳои  иҷтимоӣ  дар шакли зўроварӣ бештар истифода мешаванд. Ин  гуна муҳит барои ҷалб шудани ҷавонон ба ҳар гуна гурўҳҳои зидди иҷтимоӣ ва экстремистӣ (бетартибиҳои иҷтимоӣ, муноқишаҳо, содир намудани ҷиноятҳои зўроварӣ) шароити ба вуҷуд меорад. Мафкураи ҷавонон дар шароити муосир осебпазир аст, ё бархе аз онҳо дар сатҳи пасти дониши маънавию сиёсӣ қарор доранд ва ба назарияи зуроварӣ, бадбинӣ, экстремистӣ бо зудӣ бовар мекунанд. Ба андешаи аксарият   бо ҳамин сабабҳо  андешаҳои ғалату падидаҳои нафрату  зўроварӣ  дар вуҷуди онҳо ҷузъи ё қоидаи маънавии ботинӣ  мегардад. Ба монанди миллатчигӣ, маҳалгароӣ, нафрат, баъзан ақидаҳои хаёлӣ, ки дар ақидаҳои гурўҳҳои нав ба вуҷуд меояд, аз ҷумла дар ташвиқу тарғиботи динҳои ғайрианъанавӣ  ва ғайраҳо. Бе назорат мондани сатҳи  таълиму тарбияи солим, тарғиботи бадбинӣ, маҳалгароӣ барои таъсиси гурўҳҳои экстремистӣ заминаи муайянро ба вуҷуд меорад.

Аз ин рӯ, афкори  созандаю пешқадам дар пешравии таълиму тарбияи ҷавонон  бояд дар ҷомеа дастгирӣ ва сабабу омилҳои бадахлоқӣ, тарғибу ташвиқоти ғалат ва иғвоангез бартараф карда  шаванд.  Тақвияти ҳисси ватандўстӣ, худшиносиву худогоҳӣ дар ҷомеа, эҳтироми Ватан, арзишҳои маънавӣ  ба барпо шудани муҳити солим мусоидат хоҳад кард.

Бинобар ин, роҳу услубҳои муосири  самараноки муқовимат зидди экстремизм аз ошкор ва бартараф кардани сабабу шароити содиршавии он бояд оғоз гардад.

 

Раҳматулоев А.Э. – профессори кафедраи

 ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

 

You might also like