Пешгири намудани чавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротӣ

Аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд. Муҳити ҷавонон бо хусусиятиҳои иҷтимоии худ ва дарки муҳити атроф, яке аз  қисмҳои ҳассоси ҷомеа ба ҳисоб меравад,ки дар он иқтидори манфӣ  барои эътироз бо суръат ба амал меояд. Зери таъсири омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ  ва иқтисодӣ… дар муҳити ҷавонон онҳое, ки бештар ба ин таассурот дучор мешаванд, ташаккули ақидаҳои радикалиро ба вуҷуд меорад. Ҳамин тариқ, шаҳрвандони ҷавон сафи созмонҳои экстремистӣ ва террористиро зиёд менамоянд, ки дар ин раванд ҷавонони тоҷик ҳам истисно нестанд. Ҳамаи гуруҳҳои экстремистии ҷавонон характери ғайрирасмӣ доранд.

Барои ҳамин ҳам ҷавонон аксар вакт дар бораи заминаи идеалогӣ доштани ин гуруҳҳо ва ҳарактҳои ифротӣ тасаввурот надоранд ва онҳо зери таъсири шиорҳои баланд, хусусиятҳои зоҳирӣ ва ҷузъиёти дигар қарор мегиранд.

Дигар воситаи таъсиррасон ба шомилгардии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ, ин истифодаи васеъи сомонаҳои интернетӣ мебошад. Созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ин усул ба паҳн кардани сабтҳои видеоӣ, наворҳои таблиғотӣ ба равонии ҷавонон таъсир карда, тарафдорони худро зиёд намуда, ҳатто ба ҷиҳод ва ҷанг давъат менамоянд. Хусусияти дигари ҷавонон ҳамчун субъекти иҷтимоии муносибатҳои сиёсӣ аз хусусиятҳои шуури ҷавонон, ки натанҳо ба синну сол, балки ба вазъи иҷтимоию иқтисодии ин гуруҳ вобаста аст, алоқаманд мебошад.

Бояд қайд намуд, ки мафкураи ҷавонон хеле ба осонӣ зери таъсири омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва динӣ мегардад. Аз ин рӯ, сарнавишти ҷавонон аз он қувваҳои сиёсие, ки бештар ба ташаккули ҷаҳонбинии онҳо таъсир мерасонад, вобастагии калон дорад. Илова бар ин баъзе наврасону ҷавонон баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ва соҳиби ягон касбу ихтисос шудан кӯшиш ба харҷ намедиҳанд, бешуғл мемонанд. Аз хизмати ҳарбӣ низ саркашӣ менамоянд.

Баъзе аз онҳо ба бемории нашъамандӣ мубталло мегарданд. Аксари оилаҳои ҷавон бо сабабҳои гуногун пош мехӯранд, ки ин омилҳо низ боиси шомил гардидани онҳо ба равияҳои бегона мегарданд. Ҷавонону наврасон набояд, фирефтаи дасисаҳои гуруҳҳои ифродгаро шуда, ҳаёти худро қурбони нақшаҳои ғаразноки онҳо гардонанд.

Ташкили кор оид ба пешгири намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои экстремистӣ зина ба зина якчанд марҳаларо дар бар мегирад. Ба андешаи мо, хуб мешавад,ки дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо маҳфилҳо мизҳои мудаввар, вохӯриҳо бо иштироки намояндагонӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, коршиносон, кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ бештар ташкил ва гузаронида шаванд.

Бо ҷавонони дар амалиётҳои террористӣ иштирок доштаю, имрӯз пушаймонгашта, бештар чорабиниҳо ташкил карда шавад. Стратегияи пешгирии фаъолияти экстремистӣ бояд ба таҳким ва ҳамгироии таъсири тарбияи оила, муассисаҳои таълимии касбии сатҳи гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаи ахбори омма равона карда шавад.

Чуноне, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъкид кардаанд:

“Бо таъсири интернет, шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ иддае аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳ ба доми гуруҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат менамоянд, обрӯ ва мақоми мамлакатро дар арсаи байналмиллалӣ паст мегардонанд. Онҳо ҷони худро дар хатар гузошта, ба хотири ваъдаҳои бардуруғ ҳаёти худро барбод медиҳанд ва волидону наздиконашонро дар миёни ҷомеа шармсор мегардонанд.

Барои пеши роҳи ин кирдорҳои ношоистаро гирифтанд, тамоми сохторҳои давлатӣ, мақоми омма дар якҷоягӣ фаъолият карда, ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят намоянд. Барои амалӣ гардидани ин корҳои бузург аз ҳар як ҷавони ватандӯсту ватанпарвар дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ, ҳисси баланди миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ тақозо мегардад…”

 

Нурмаҳмадов Ю.Ш. – дотсенти кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ

You might also like