МАЪНОИ АСЛИИ «ЭКСТРЕМИЗМ» ЧИСТ ВА ОН ЧӢ ГУНА ПАДИДА АСТ?
Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.
Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».
Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.
Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпараст ва тундрави дин ҳанўз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост. Сиёсати динии давлати абадқудрати шўравӣ, ки замоне ҷумҳурии мо низ як ҷузъи таркибии он буд, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд. Таъбири машҳури К.Маркс «Дин барои мардум афюн аст» шиор ва моҳияту мақсади муносибат ба дин қарор дода шуда буд.
Пас аз суқути ИҶШС ва пош хўрдани иттиҳоди сотсиалистӣ мубориза шакли дигарро касб намуд. Рақобати абарқудратҳо, кўшиш барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табиӣ, энергетикӣ, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад.
Дар аксари мавридҳо онҳо мекўшанд, ки миёни ду динҳои бузурги ҷаҳонӣ – ислом ва масеҳият душманӣ ва зиддият барангезанд. Онҳо, чи тавре ки дар аввали сўҳбат ишора рафт, ислом ва пайравони онро ҳамчун ҷангҷўю таҷовузкор, ифротгар, бадкину ситезаҷў муаррифӣ намуда, фарҳангу тамаддун, дин ва дигар арзишҳои Ғарбро таърифу тавсиф ва намунаи ибрат мешуморанд ва онро ба гардани дигарон бо зўрӣ бор кардан мехоҳанд.
Яке аз омилҳои тезу тунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои Ғарб маҳз ҳамин сиёсати риёкорона, муғризона, дурўягӣ ва мунофиқона аст, ки он боиси пайдо шудан ва густариши мухолифат байни пайравони дини ислом ва масеҳият, тамаддуни Шарқу Ғарб ва дар айни замон тавлиди ҷараёнҳои тундрав (экстремистӣ) дар дину мазҳабҳои ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ аст.
Баъди суқути давлати абадқудрати шўравӣ ва ба вуҷуд омадани давлатҳои соҳибихтиёр, аз байн рафтани идеологияи ҳукмрони атеистӣ муносибат ба дину диндорӣ дар ҷумҳуриҳои тозаистиқлоли собиқ шўравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ комилан тағйир ёфт. Акнун мардум ба мероси гузаштагони худ ва анъанаҳои диниашон таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамуданд ва эътибори махсус медоданд.
Созмону ниҳодҳои динӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои дорои тамоюли динидошта хеле фаъол ва зиёд гардида, ба ҳаёти сиёсӣ – иҷтимоӣ ва маънавӣ бештар таъсир мерасонданд. Дар мамлакат фазои озоди андешаи динӣ дар заминаи асли конститутсонии гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ ташаккул ёфт. Дар ҳарду ҳолат ҳам уламои дин ва зиёиёни тоҷик бояд ҳамфикр бошанд, манфиатҳои умумимиллӣ, умумидавлатиро аз ғаразҳои ҳизбӣ, гурўҳӣ, мазҳабӣ, шахсӣ боло гузошта, ҷомеаро ба ихтилоф, ҷудоӣ ва хатару нооромӣ мувоҷеҳ насозанд.
Негматова М. М. – сармуаллимаи кафедраи забони русии ДДҲБСТ