ИФРОТГАРОӢ ВА ХАТАРҲОИ ОН ДАР ҶОМЕА
Ифротгароӣ изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои даъвати нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионии давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва ба ин монанд амалҳоро дар бар мегирад. Махсусан, ифротгароии динӣ фаъолияти аз нигоҳи динӣ ниқобпўшониест, ки базурӣ дигаргун сохтани сохти давлатӣ ё ғасби зураворонаи ҳокимият, халалдор сохтани соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзи давлат ва ба ин мақсадҳо ба амал овардани душманию бадбинӣ мебошад.
Терроризми динӣ низ иҷрои амалҳое мебошад, ки бо мақсади ҷисман нобуд сохтани ҳарифи сиёсӣ, ба амал баровардани хавфу хатар барои одамони бегуноҳ ва ё бевосита нобуд сохтани онҳо, халалдор сохтани тартиботи ҷамъиятӣ, таъсиррасонӣ ба қабули қарордод аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва бо мақсади ба амал овардани вазъияти тарсу ҳаррос ва тарсонидани аҳолӣ истифода мешаванд.
Терроризм ва экстремизм дар якҷоягӣ дар ҷомеаи имрӯза яке аз омилҳои хавфноки ҷинояткорӣ ба ҳисоб рафта, муборизаи пуршиддат бар зидди ин навъи хатар, ба вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷа мубаддал гардидааст.
Вале ифротгароӣ дар шароити имрӯза бештар ба сиёсат дахл намуда, тазоҳуротро дар ниҳоди ҳамаи мазҳабҳо ба вуҷуд овардааст. Мақсади ниҳоии онҳо ба ҳар роҳу восита созмон додани давлати ягонаи бесарҳади мусулмонист.
Боз як роҳи ТЭТ ҲНИ баста шуд, яъне 8 июни соли 2016 дар шаҳри Ереван ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) таҳти раёсати ҷониби Арманистон баргузор гардид. Дар ҷаласа ҷонибҳо рӯйхати ташкилотҳоеро, ки дар кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, бо қарори дахлдор ба мувофиқа расониданд. Дар рӯйхати мазкур дар қатори дигар созмонҳои террористии байналмилалӣ, ба монанди «Ал-Қоида», «ДИИШ», «Ихвон-ул муслимин», «Ансоруллоҳ», инчунин Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон низ таҳти №65 ворид карда шуд. Тавре иштирокчиёни ҷаласа зикр намуданд, рӯйхати ташкилотҳое, ки террористӣ эътироф гардидаанд, ба мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви СААД имкон медиҳад, то амалиётҳои ҳамоҳангшудаи худро баҳри муайян ва пешгирӣ кардани фаъолияти онҳо дар минтақаи таҳти масъулити СААД имконпазир гардонад. Мақсадҳои СААД таъмини сулҳу субот ва амнияти байналмилалию минтақавӣ, такмилдиҳӣ ва мукаммалгардонии ҷанбаҳои ҳарбии ҳамкорӣ, муқовимати шадид бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, аз ҷумла алайҳи ҳизб ва ҳаракатҳои террористӣ ва дигар таҳдидҳо ба шумор мераванд. Мо бояд дастҷамъона бар зидди ифротгароён мубориза барем.
Кабирзода Г.Қ. – омӯзгори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ