МО ТЕРОРРИЗМРО ДАР ҲАМА ШАКЛҲОИ ЗУҲУРОТАШ МАҲКУМ МЕНАМОЕМ
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳое мебошад, ки неъмати пурарзиши давлатдорӣ – Истиқлолияти давлатиро дар роҳи расидан ба эъмори давлатӣ бо сиёсати сулҳпарваронаву сулҳҷӯёнаи фарзонафарзанди миллат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овард, ки мо ҷавонон бо шукргузорӣ аз ин арзишҳои миллӣ дар фазои ҳамдилию ҳамбастагӣ зиндагии шоиста дорем. Пешвои сулҳофарӣ тоҷик дар тули соҳибистиқлолии кишвар аз сиёсати сулҳофарию дӯстию рафоқат кор гирифта, ҳама гуна зуҳуроти номатуб маҳкум менамояд. Яке аз зуҳуротҳое, ки дар ҷахони муосир ба проблемаи рузмарра табдил ёфтааст ва ба сулҳу ваҳдати миллӣ хатарнок аст ин терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад. Барои дарк кардани моҳияти ин зуҳурот ба мо барраси намудани таърихи пайдоиш ва шаклгирии он лозим меояд.
Мутаассифона, дар ҷомеаи кунуни, ки хеле фазои муташаниҷи глобалӣ ва зуҳуроти номатлубе ба монанди терроризм ва экстремизм пайдо гардидааст, ки ҳар лаҳза ба истиқлолият ва оромию осоиштагии дилхоҳ давлату миллати соҳибистиқлол таҳдид мекунад. Дар чунин шароит албатта, ки барои ҳар як соҳибватан ҷиҳати пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот, амният ва Истиқлолияти комил ҳисси худшиносию ватандӯстӣ, солим нигоҳ доштани афкори ҷомеа, маърифатнокӣ ва расидан ба қадри арзишҳои миллию давлатдорӣ нақши аввалиндараҷа дорад.
16 ноябри соли 1999 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул гардид, ки мақсади асосии қонуни мазкур аз инҳо иборат мебошад: тадбиқи сиёсати давлати дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, тадбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм барои тоқатнопазирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм, ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадашон дар Конгресси СММ доир ба барҳам додани ҷинояткорӣ ва ҷавобгарии онҳо 13 апрели соли 2000 дар шаҳри Вена таъкид намуда буданд, ки «Мо терорризмро дар ҳама шаклҳои зуҳуроташ маҳкум менамоем ва зарур мешуморем, ки тамоми қувваҳои солими ҷаҳонро баҳри барҳам додани ин хатар дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва дараҷаи миллӣ сафарбар намоем».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин гурӯҳҳои террористию экстремистӣ таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар амалҳои он гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад». Яке аз қиматҳои асосии навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 22 декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, масъалаи терроризму ифродгароӣ ба ҳисоб рафта, таъкид намуданд «вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои нави ҷанги сард боиси нигаронӣ гардидааст. Имрӯзҳо дар атрофи хатари ифротгароӣ ва терроризм ба сифати омили нисбатан хавфнок, ки бевосита ба ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии кишварҳо таъсири ногувори худро мерасонад, андешаҳо тариқи воситаҳои гуногуни иттилооти расонида мешаванд. Ифротгароӣ ва терроризм дар воқеъ падидаи нохуб буда, дар замони муосир вобаста ба омилҳои маъмули ҷаҳонишавӣ бо хислат ва шаклҳои гуногун фарогири андеша ва амалҳои як қишри таркибии аҳолии давлатҳо ба хусус ҷавонон гардида истодааст».
Туразода Ҷ. А. – декани факултети бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ