Таъсири ташвиқоти таҳрибкорӣ ба амният, муттаҳидӣ ва пешрафту ҳамкориҳои ИДМ

Таҳлили вазъияти имрўзаи сиёсӣ  атрофи Украина ва аз тарафи  Федератсияи Россия эътироф  ва таҳти ҳимоя қарор  гирифтани  ҳумҳурияҳои навтаъсиси Донетск ва Луганск аз он шаҳодат медиҳад, ки  роҳбарияти сиёсии Украина  амнияти кишвари худро бинобар роҳ додани як қатор хатогиҳои ҳиддӣ, аз ҳумла иҳро накардани Паймонаи Минск, бо супориши давлатҳои Ѓарб пеш гирифтани сиёсати ҳангҳўёнаи неофашистӣ, тарѓиботи бадбинӣ нисбати мардуми кишвари худ аз руи эътиқод ва забон ва ҳойгир кардани қувваҳои низомии давлатҳои хориҳӣ дар ҳудуди давлат, ноустувор кард.

Украина ташкили фазои сулҳу оромиро дар минтақа таъмин карда натавонист, баракс тариқи  ВАО  баромадҳои зоҳирӣ карда, сиёсати худро  бо роҳандозии  неруҳои «беруна» ва дастгирии неофашистон амалӣ намуд, ба умеди аъзогӣ ба Иттиҳоди Аврупа ва неруи низомии Атлантаи Шимолӣ ҳамкории муфидро дар соҳаи иҳтимоӣ ва иқтисодӣ бо шарикони наздики худ пурра барҳам дод, руйдодҳои воқеии таърихиро ѓалат эълон карда, муҳорибаҳои шадиди таърихиро зидди фашизм ва думравони онҳо  ва ҳатто Иди Ѓалабаро дар Ҳанги Бузурги Ватанӣ баҳамият донист, нисбати  шарикони  иқтисодии кишвари худ даъвоҳои  беасос  карда,  вазъиятро  атрофи  амнияти кишвар  мураккаб ва  осебпазир кард.

Ҳамин тавр, муноқишаи  байни Украина ва Россия рӯз аз рӯз мутташаниҳ гардида, то сатҳи СММ ҳамчун масъалаи  муҳим барошта шудааст.

Таҳлили  ин ҳодисаҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз аз соли 2014 дар Украина,  бинобар инқилоби ранга вазъият мураккаб гардида буд.  Гуфтушуниди байни ҳукумати  Украина бо вилоятҳои Донетск ва Луганск дар  шаҳри Минск бо ташабусси    Россия, Франсия, Германия ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият натиҳа  надод.

Дар  натиҳа таъсисёбии ҳумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск, инчунин  амалӣ  шудани  амалиётҳои низомӣ оид ба  озод кардани  ҳудуди минтақаҳои номбаршуда,  неруҳои  ифротиро  бо роҳандозии ҳукматдорони  Украина ва як қатор кишварҳои  Ѓарб  ба ташвиш овард. Онҳо зидди  ташкили  чунин воҳиди сиёсӣ дар ҳудуди Украина баромад карда, истисмори мардуми ин  минтақаҳоро бо неру ва қувваҳои мусаллаҳшудаи неофашистӣ авҳ дода, ба иқтисодиёти  тамоми  давлатҳои Аврупо бо ҳорӣ кардани муҳозот  ва  тарҳиб зидди Россия зарари ҳиддӣ расонида истодаанд. Фишори навбатии иттилоотӣ, иқтисодӣ, молиявии давлатҳои Ѓарб  зидди сиёсати пешгирифтаи Россия, ки амалиёти махсуси низомиро бар зидди  неофашистон, зархаридон  ва қувваҳои моҳароҳў дар Украина оѓоз кардааст, ҳоло авҳу  идома дорад.

Ин воқеаҳо, идомаи аз ҳониби давлатҳои Ѓарб кушишҳои ба тариқи сунъӣ ҳорӣ кардани “демократия ва арзишҳои ѓарбӣ” (дар Югославия, Ироқ, Миср,Лубнон,Сурия ва Афѓонистон) мебошад, ки бо ҳанги иттилоотию мафкуравӣ  оѓоз ёфта, то  амалиётҳои мусаллаҳонаи  шадид амалӣ гардида, иқтисодиёт ва низоми ин давлатҳоро нобуд ва  мардуми онро бо сарсонию ѓарибӣ овард. Воқеаҳои дар кишвари ҳамсояи мо Афѓонистон , Покистон рух дода истода  низ ҳузъи муҳими ин руйдодҳо мебошанд,  ки хатари экстремизм ва терроризмро дар минтақа афзун мекунад.

Ҳоло доираҳои муайяни давлатҳои Ѓарб арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, сабабу омилҳои дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҳтимоиро  дар  Россия  ва ИДМ аз нигоҳи манфиатҳои  гурўҳиву  минтақавӣ арзёбӣ мекунанд, ки ба муттаҳидӣ ва пешрафту ҳамкории  давлатҳо  минбаъд низ халал мерасонанд. Ѓайр аз ин, воқеаҳои дар Афѓонистон, Қазоқистон, Украина, Озарбойҳон, Арманистон ва Гурҳистон рухдода нишон медиҳанд, ки  ин ҳодисаҳо силсилаи як занҳир буда, қувваҳои  моҳароҳўи  давлатҳои Ѓарб  ба ҳаёти иқтисодиву сиёсии кишварҳо аз

нигоҳи манфиатҳои худ ошкоро дахолат мекунанд, бо маблаѓузорӣ ва ёрии  расонаҳои хабарӣ аз ниятҳои бади худ, аз кушишҳои паст кардани аҳамияти арзишҳои маънавию ахлоқӣ, ҳамкориҳои  ИДМ, аз ҳумла дигаргун кардани низоми давлатдорӣ  ва  халалдор кардани  осоиштагии мардум даст намекашанд.

Бояд дар назар дошт, ки дар шароити авҳ гирифтани таблиѓу ташвиқотӣ ба ном «арзишҳои демократӣ» (лекин дар асл зўроварӣ, бадбинӣ ва ниҳоят низои иҳтимоӣ), бо дастгирӣ ва маблаѓгузории давлатҳои Ѓарб  кушишҳои қувва ва доираҳои муайяни  ифротӣ (аз ҳумла хоинони миллат) аз  рўи сенарияи инқилоби ранга фаъолияти таҳрибкорӣ ва зиддиҳукуматии худро ошкоро фаъол мекунанд.Ин ҳолатҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо бо тарѓиботу ташвиқоти ѓалат ният доранд, мардумро фирефтаи арзишҳои бегона кунанд, ба    сатҳи  масъулиятшиносӣ, ҳамкории судманди иҳтимоӣ ва иқтисодӣ ва муттаҳидии мардуми кишварҳои аъзои ИДМ монеаҳои сунъӣ эҳод намоянд.

Дар чунин вазъият вазифаи аҳли ҳомеаи мо аз он иборат аст, ки давлати миллӣ, Истиқлолият ва дастовардҳои онро аз чунин пайомадҳои манфӣ, аз таъсири тарѓиботу ташвиқоти  арзишҳои бегона, қувваҳои моҳароҳў эмин нигоҳ дорем. Худогоҳӣ, худшиносӣ ва дорои фарҳанги ѓании маънавӣ будани аҳли ҳомеа қодир аст, ки таъсири ҳар гуна зуҳуроти таҳрибкориро, ки ба нооромӣ, бесарусомон сохтани ҳаёти осоишта нигаронида шудаанд, пешгирӣ ва бартараф намояд.

 

Раҳматулоев А.Э. – профессори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

You might also like