ШУКРИ ВАТАН

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои зиёд дар ҳамаи самтҳои ҳаёт мушарраф гардид. Мушкилоте, ки дар оғози солҳои 90-уми қарни гузашта ба назар мерасиданд, дар муддати кӯтоҳи таърихи аз байн бурда шуданд. Аммо бояд ҳеҷ гоҳ аз хотир набаровард, ки ин музаффариятҳо ба осонӣ ба даст омадаанд. Ҷиҳати расидан ба ин гуна  нишондодҳо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба даст оварда шудаанд. Дар ин бобат дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар аз 21.12.2021 зикр гардидааст.

“Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.”

Аз ин нуқтаи назар таъмини амният ва  суботу шукуфоии кишвар  дар шароити муосир  масъалаи мубрамтарин ба шумор меравад.

Ҷаҳони муосир пур аз зиддият ва мушкилот мебошад ва  маҳз тавассути ҳифзи дастовардҳои истиқлол, пеш бурдани корҳои созандагиву бунёдкорӣ метавон бар зидди ин мушкилот мубориза бурд.

Мақсади Ҳукумати кишвар  ин  мунтазам баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар, таъмини амният ва рушди бонизом ба шумор мераванд. Зимнан, бояд зикр намуд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд тамоми донишу малака ва маҳорати хешро баҳри рушд додан ва ҳифз намудани арзишҳои миллӣ  ва амнияти миллӣ равона созад.  Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки ҳанӯз дар солҳои 2014 ва 2015 баён шудаанд барои  расидан ба ҳадафҳои созанда ва  рушди муназзами кишвар  равона гардидаанд. Афзалиятҳои асосии рушди кишвар дар асоси ҳуҷҷатҳои стратегӣ ба татбиқи тадбирҳои дар СМР–2030 инъикосёфта равона шудаанд, муайян карда шудаанд. Ба чунин афзалиятҳо шомиланд:

1) маориф;

2) тандурустӣ;

3) шуғл;

4) таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо;

5) идоракунии самаранок;

6) ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

7) амнияти энергетикӣ, экология ва идоракунии равандҳои демографӣ ва дигар масоили калидии кишвар  иборат ҳастанд.

Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст. Дар Паёми Пешвои миллат баён гардидааст, ки “Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд”. Ин гуна дастовардҳо сол то сол зиёдтар гардида истодаанд ва барои амалӣ гардидани ин  ҳадафҳои созанда дар кишвар тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Аз дигар тараф мақоми  сиёсати хориҷӣ ва  нуфузи Тоҷикистон  дар арсаи байналмиллалӣ боло рафта истодааст, ки  аз ин  тамоми мардуми кишвар мамнун ҳастанд ва боиси ифтихори ҳамаи шаҳрвандони кишвар аст, ки дар чунин фазои сулҳу субот ва созандагӣ таҳти Сарварии Пешвои муаззами кишвар  муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намуда истодаанд.

 

Алимов Б.Ҳ. – устоди ДДҲБСТ

You might also like