ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – АРЗИШИ АСОСИИ МИЛЛӢ
Мо устодони кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ қайд карданӣ ҳастем, ки ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои асосии миллӣ мебошад. Ваҳдати миллӣ яке аз асосҳои асосӣ барои рушди иқтисод мебошад. Танҳо ваҳдат метавонад, рушди мунтазамро дар иқтисодиёт таъмин кунад. Ба ҳама маълум ҳаст, ки яке аз омилҳои рушди иқтисод ин ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ мебошад.
Маълумотҳо нишон медиҳанд, ки дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Дар бист соли охир ба кишвар беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 59 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шуд.
Ба хулоса омадан мумкин аст, ки вахдати миллӣ дар Тоҷикистон ба баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ замина гузошт. Сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд, ки аз ҷумлаи муҳимтарин, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.
Мо устодони кафедраи назарияи иқтисодӣ ҳамватанонро ба нигоҳдошти сулҳу ваҳдати миллӣ дар мамлакат даъват менамоем!
Аҳли устодони кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ