БА ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ РОҲ НАДИҲЕМ

Мусаллам аст, ки Тоҷикистон дар тӯли таърихи худ 9-сентябри соли 1991 Истиқлолияти худро ба даст овард, ин фазои ободу озод ба саю кӯшиш ва талошҳои Пешвои миллат ба халқи тоҷик муяссар гардид. Маҳз Истиқлолият буд, ки Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи худро пайдо намуда, дар раванди ҷаҳонишавӣ қарор гирифт.

Дар ҷаҳони имрӯза зуҳуроти бисёр хатарнок, ба монанди терроризму экстремизм, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳо торафт густариш пайдо карда истодаанд. Бар замми ин, вазъи ноороми кишвари ба мо ҳамсоя – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ ба ҳаёти орому осудаи Ватани мо таъсири худро мерасонад.

Ба ин нигоҳ накарда аъзоёну роҳбарони Ҳизби наҳзати Ислом низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд, ки ин ақида хатои бузург мебошад.

Бо мақсади решакан намудани терроризм соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шуд. Тибқи ин Қонун, терроризм – зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ ҳамчунин нобуд сохтан ё таҳдиди нобуд сохтани амвол ё ин ки дигар объектҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро маҳкум месозад.

Яке аз самтҳои сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳукумат дастгирии насли наврас ва ҷавонон буда, баҳри донишомӯзӣ ва касбомӯзии онҳо қувваи худро дареғ намедорад, то он ки ҷавонони мо соҳибилму соҳибистеъдод гардида, баҳри ободии халқу ватани худ хизматҳои беназирро анҷом диҳанд. Ҷавонон ояндаи генофонди миллати тоҷик буда, ҳамеша аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда мешаванд.

Мо аз ҷавонон хоҳиш менамоем, ки ҳидоятҳои Сарвари давлатро пайравӣ намуда, аз падидаҳои манфие, ки ҷомеаи имрӯзаро зери хатар мондааст, худро эмин нигоҳ доранд.

Дар иртибот ба ин, ба ҳамаи мардуми кишварамон Тоҷикистон зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, пеш аз ҳама, барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Ватан тарбия намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандўсту инсондўст, ҳар шахси комилҳуқуқи ҷомеа аст.

Ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети инноватсия ва телекоммуникатсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аъзоён ва тарафдорони ҲНИ-ро сахт маҳкум намуда, мардуми бонангу ори тоҷикро даъват менамоянд, ки фирефтаи ақидаҳои ингуна ҳизбҳои ифротгар нагарданд.

 

Қосимова М.И. – номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони кафедраи технологияҳои иттилоотию коммникатсионӣ ва барномарезии ДДҲБСТ

You might also like