САҲМИ ҶАВОНОН ДАР ПЕШРАФТИ КИШВАР
Аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҷавонон дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати мамлакат хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта буд, ки ин ифодагари ғамхориҳои роҳбарияти мамлакат нисбат ба ҷавонон мебошад.
Сиёсати давлатии ҷавонон – бахши ҷудонопазири сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз системаи тадбирҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқие иборат мебошад, ки онҳоро мақомоти давдатӣ бо мақсади фароҳам овардани шароиту кафолатҳо барои ташаккули иҷтимоию инкишофи ҷавонон ва ҳарчи бештар амалӣ гардидани нерўи эҷодии онҳо барои манфиатҳои тамоми ҷамъият тадбиқ менамоянд.
Тавре маълум аст, яке аз омилҳои муҳими рушди ҳар кишвар дар радифи дигар арзишҳо захираҳои инсонӣ, аз чумла чавонон маҳсуб меёбанд. Ин собит менамояд, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеа мавриди татбиқ қарор дода шавад. Дар кишваре, ки вазъи демографӣ мунтазам афзоиш меёбад ва беш аз 35 фоизи аҳолиро насли ҷавон ташкил медиҳад, муайян намудани сиёсати давлатии чавонон аз нуқтаи назари сиёсӣ ва ичтимоӣ аҳамияти калон дорад.
Ба сиёсати чавонон, ҳамчун бахши стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар ҳамаи марҳилаҳои рушди ҷомеа таваҷҷўҳи махсус зохир мегардад. Зеро Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020 яке аз заминаи муҳими рушдии дурбинонаи фаъолияти ҷавонон маҳсуб ёфта, дар раванди амалигардонии он соҳаи ҷавонон дар кулли самтҳо такмил ёфт. Таҳқиқи муҳтавои ин ҳуҷати муҳим ба хулосае меорад, ки ин Стратегия барои муайян намудани мақсад, афзалият ва тадбирҳое нигаронида шуда буд, ки татбиқи онҳо ба ҳалли вазифаҳои мубрами рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат намуд. Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки интихоби самтҳои стратегии сиёсати давлатии ҷавонон танҳо ба натиҷаҳои таҳлил ва дурнамои равандҳои миёнамўҳлат ва дарозмўҳлати рушди ҳаёти ичтимоию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси таҳлили ҳисобот ва ҳуҷчатҳои расмӣ ошкор гардидаанд, асос меёбад.
Татбиқи чунин ҳуҷати стратегӣ дар рушди ҷавонон пеш аз ҳама саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба МОҶТ аз 26.12.2019 ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва ҳифзи минбаъдаи манфиатҳои ҷавонон сохтору мақомоти марбута вазифадор гардиданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030»-ро дар таҳрири нав таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намоянд. Дар ин радиф бояд иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав таҳия гардида, мутобиқи моддаи 58-и Конститутсияи мамлакат бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2021 барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Инчунин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2021 «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тасдиқ шудааст.
Ба хотири рушди соҳаи ҷавонон ва расидан ба ҳадафҳои олӣ дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, инчунин як қатор барномаҳои давлатӣ доир ба дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон қабул карда шуданд, ки ҳар кадоме аз ин санадҳо дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши муҳим бозиданд.
Дар ин давра «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2018», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардиданд, ки ҳамаи онҳо, дар маҷмўъ, барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда, мавқеи ҷавононро дар ҷамъият боз ҳам устувор ва пурмаҳсул гардониданд.
Ин санадҳои муҳими давлатӣ ҷалби ҷавононро ба корҳои созанда вусъат бахшида, иштироки фаъолонаи онҳоро дар бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон таъмин намуданд, ки ҳамаи ин аз баракати соҳибистиқлолӣ ва саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Бо ҳидоятҳои Сарвари давлат ва меҳнати софдилонаи зиёиёни меҳнатқарини кишвар имрўз дидгоҳ ва ҷаҳонбинии ҷавонон ба куллӣ тағйир ёфта, сатҳи одобу маърифат ва муносибати онҳо ба зиндагӣ ва иштирокашон дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ ба маротиб беҳтар шудааст, ки дастоварди арзишманде дар рушди тамоми ҷанбаҳои кишвари азизамон мебошад.
Исматов Х.Ҳ. – муаллими калони кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ