Артиши миллӣ кафили таҳкими истиқлолияти давлатӣ мебошад
Мо дар арафаи таҷлили Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. 23 феврали соли 2022 ба таъсисёбии Артиши миллии мамлакатамон 29 сол пур мешавад.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21 декабри соли 2021) аз ҷумла қайд гардидааст:«Бо дарназардошти торафт мураккаб гардидани вазъияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин, бо мақсади ба таври боэътимод таъмин кардани амнияти давлат ва ҷомеа ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ба масъалаҳои мунтазам беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таҷҳизот навсозӣ кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан, Қӯшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, бо лавозимоту таҷҳизот таъмин кардан, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд».
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Мутобиқи муқаррароти моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.
Имрўзҳо фарзандони содиқи Ватан бо ҳисси ифтихормандӣ дар сафҳои Артиши миллӣ хизмати ҳарбиро гузашта истодаанд.
Бояд қайд намоем, ки Артиши миллӣ, бешубҳа дар қатори дигар сохторҳои қудратӣ, яке аз рукнҳои давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад.
Бинобар ҳамин дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари азизамон маълумоти мухтасар пешкаш мегардад. 23 феврали соли 1993 дар пойтахти ҷумҳурӣ паради ҳарбии гарнизони Душанбе баргузор шуд. Бояд қайд намоем, ки паради қўшунҳои гарнизон ба муносибати идҳо ва ҳодисаҳои муҳими дорои аҳамияти давлатӣ ва ҳарбӣ бо супориши махсус гузаронида мешавад.
Замони баргузории паради мазкур дар сангарҳо барои барқарорсозии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон набардҳо мерафтанд, ки аҳамияти давлатию ҳарбӣ доштанд. Паради ҳарбӣ собит намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон идорашаванда ҳастанд ва ба қувваҳои террористӣ-экстремистии дохилӣ ва хориҷӣ кишвар муқовимат карда метавонад.
Бунёди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳаққиқон ба ду давра тақсим намуданд. Давраи аввали таъсиси Артиши миллӣ.
Мақсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллӣ ин ташкили қувваҳои ҳарбие буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Ба ин мақсад бригада ва баталиёнҳои тирандоз таъсис ёфтанд, ки вазифаи асосии онҳо муқовимат бо қувваҳои зиддидавлатӣ ва муҳофизати сохти конститутсионӣ буд.
Давраи дуюм иборат аз такмили сохтори ташкилию штатӣ буда, бо таъсиси намудҳои асосӣ, ба монанди қӯшунҳои хушкигард, қувваҳои наздисарҳадӣ, десантура ва ғайра фаъолият менамоянд.
Дар таъсис ва такмили Артиши миллӣ саҳми Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошад.
Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанўз дар аввалин солҳои Итиқлолияти давлатӣ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурўъ намуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ (1992-1997) қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурўҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати худро ба таври шоиста адо мекарданд.
То соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се навъи асосӣ, Қўшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қўшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буд. Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамоянд. Аз ҷумлаи онҳо Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали ташкилёбии Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, вобаста ба иҷрои вазифаҳои муҳими соҳавӣ корҳои зиёдеро амалӣ менамоянд.
Дар натиҷаи ислоҳоти ҳарбӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рўзҳои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, он ҳанўз идома дорад, корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шуданд. Дар ин замина Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфт, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ муттаҳид гардонида шуд, дар заминаи Колеҷи Олии низомӣ Донишкадаи ҳарбӣ таъсис ёфт, дар сохтори бисёре аз қисмҳои низомӣ дигаргуниҳои зиёд ворид карда шуд ва аз ҳама муҳим бо назардошти таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир навъи сеюми Қувваҳои Мусаллаҳ, ё худ Қўшунҳои зудамал дар ҳайати Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Қўшунҳои хушкигард соли 1993 ташкил шуда аз сершумортарин навъи Қувваҳои мусаллаҳ аст. Қўшунҳои хушкигард 70 дар сади шумораи умумии Артиши миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Дар ҳайати Қўшунҳои хушкигард асосан ҷузъу томҳои низомии савораи тирандоз, танкӣ ва артиллерия фаъолият мекунанд. Ҳамасола қисмҳои низомии ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ дар гўшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мустақилона ва ё дар якҷоягӣ бо ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии мамлакат машқҳои васеи низомӣ доир намуда, омодагии ҷангии худро пайваста сайқал медиҳанд.
Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ҷумҳурӣ аз нахустин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ ба шумор рафта, он ҳамсолу ҳамқадами Артиши миллӣ мебошад. Қўшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ бошад, соли 1994 ташкил ёфтааст. Дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ ва бо назардошти ҳадафу вазифаҳои ягона, соли 2005 ин ду навъи Қувваҳои Мусаллаҳ муттаҳид гардонида шуданд.
Дар замони муосир қувваи асосие, ки ба амнияти минтақавию ҷаҳонӣ таҳдиди хатар мекунад, ин терроризми байналмилалӣ ва экстремизми сиёсӣ аст. Аз ин рў, ҳадафи асосии бунёди Қўшунҳои зудамал ин ҷорӣ намудани усулҳои нави омодагӣ бар зидди ин гуна нерўҳо ва дар маҷмўъ зудамал ва қобили ҷангу ҳарб намудани ҳама Қувваҳои Мусаллаҳ аст.
Қўшунҳои зудамали Вазорати мудофиа бо Фармони Президенти мамлакат моҳи сентябри соли 2003 бунёд ёфтааст. Бунёди ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар доираи навсозӣ ва бе зиёд намудани шумораи умумии артиши миллии Тоҷикистон сурат гирифт. Ба ҳайати он ҳама қисмҳои низомии десантӣ, тирандозони кўҳӣ, қисмҳои таъиноти махсус, Полки муҳандисӣ-сапёрӣ ва як қатор ҷузъу томҳои дигар шомил гаштанд. Айни ҳол ҷузъу томҳои Бригадаи десантӣ-зарбавии Қўшунҳои зудамали Вазорати мудофиа ба Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва се баталёни он ба нерўҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ шомил мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки ба Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар ҳолати 1.01.2022с. давлатҳои зерин шомил мебошанд: Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирѓизистон, Россия ва Тоҷикистон.
Бо таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузории ҳарбӣ низ ташаккул ёфт ва қатор санадҳои муҳими меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар таҳрири нав қабул гардиданд.
Мафҳуми хизмати ҳарбӣ, ўҳдадории ҳарбӣ ва ба он вобаста масъалаҳо дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ўҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки 29 январи соли 2021 қабул гардидааст, шарҳ дода шудаанд. Вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбиро қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ», ки 1 марти соли 2005 қабул шудааст ба танзим медарорад.
Қабул гардидани Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 октябри соли 2005, №103), ки асоси ҳуқуқии онро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти ҳарбӣ ташкил мекунанд, давлати моро ҳамчун кишвари сулҳдўст, сулҳпарвар барои тамоми ҷомеаи ҷаҳони муосир дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намуд.
Дар заминаи талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хизмати ҳарбиро ба танзим медароранд Оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ): Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Оинномаи хизмати дохилиии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Оинномаи сафороии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Оинномаи хизмати гарнизонӣ ва қаровулии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва қабул гардиданд.
Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошанд.
Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кўшиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ монад.
Пўлотов К. И. – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ