Ҷавонон- ояндаи давлатанд!

Вазифаи мо, насли калонсол, пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки наврасону ҷавононро аз вазъи пурмоҷарову пуртазоди ҷаҳон дуруст хабардор намоем ва онҳоро ба роҳи рост ҳидоят кунем.

Эмомалӣ РАҲМОН

Чуноне ки ба ҳамаи мо маълум аст, Тоҷикистони ҷавони мо рӯзҳои сангинеро, ки маҳсули дасти ин гуна гурӯҳҳои ифротӣ буд, дар солҳои навадуми асри гузашта пушти сар намуд, ки то ба ҳол  хотироти талхи он дар қалби халқи мо боқӣ мондааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ҷонибдори сулҳу ваҳдати башарӣ буда, Пешвои муаззами миллат, Президенти  мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон чунин гуфта буданд: “Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат бо экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо талафоти ҷонӣ дода буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад”.

Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм пештару бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор мегардад ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёра ба амал меояд. Махсусан экстремизми динӣ дар замони муосир байни пайравони дини ислом бештар ба назар мерасад, таблиѓгаронии он аз муқарраротҳои дини ислом сӯистифода намуда, тибқи дастуру нақшаҳои хоҷагони хориҷии худ, ки душманони ин дин ҳастанд, амал менамоянд.

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амниятии натанҳо Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин рў, Тоҷикистон бо дигар  давлатҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин созмонҳои байналмилалӣ, ки вазифаашон аз мубориза бар зидди терроризм ва экстримизм иборат аст, ҳамкории самарабахш анҷом дода истодааст.

Қурбони терроризм асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифротгар ва гуруҳҳои террористиро биёмўзанд ва барои дафъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

 

Қоситов Ҷ. Р. – ассистенти кафедраи андоз ва андозбандӣ, ДДҲБСТ

You might also like