ТЕРРОРИЗМ БА ЯГОН ДИН, МАЗҲАБ Ё МИЛЛАТ ХОС НЕСТ

Истифодаи истилоҳи «ифратгароии динӣ», ё ки ба ин ё он дин мансуб донистани ин зуҳурот, сабаби пайдоиши норизогӣ ва тундравӣ шуданаш мумкин аст. Ислом ё дигар динро манбаи ифратгароӣ эътироф кардан аслан хатост.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Президенти кишварамон Эмомалї Раҳмон дар яке аз Паёми худ ба Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин мавзӯь гуфтаанд: «Гузашта аз ин, имрӯз дар миёни ҷаҳони Ислом ва Ғарб садо аз нофаҳмї ба вуҷуд омадаст, ки торафт азиму хатарнок мегардад, мутаассифона дар тафаккури доираи муайяни Ғарб чунин аќида ҷой гирифтааст, ки гўё ифратгарої хоси табиати дини ислом – яке аз динҳои ҷаҳонӣ бошад.”

Чунин муносибат ба мардуми мусулмон, ки аз уқёнуси Ҳинд ва Ором то уқёнуси Атлантик маскунанд ва панҷяки аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, аз рўи инсофу адолат нест. Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва ифратгароиро бо ислом пайванд додан хатоӣ маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва бо ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне инсоният ба ин ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифратгароӣ боқӣ мемонад.

Вобаста ба ҳамин қайд кардан лозим аст, ки ягон дини мавҷудбуда одамонро ба тундгароӣ, золимӣ, бераҳмӣ, куштани одамон ва фаҳш даъват намекунад.

 

Умарова С.И. – муаллими калони кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

You might also like