НЕСТ БОД ИҒВОГАРОНУ АВОМФИРЕБОН!
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) соли 1990 дар Тоҷикистон ташкил шудааст (дар баъзе маводҳо, 26 октябри соли 1991 таъсис ва дар моҳи декабри ҳамон сол расман сабти ном шуд). Аммо аз сабаби доштани максадҳои ғаразноки худ, ақидаҳои бемақсад, фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънии хориҷиён аз ҷониби Додгоҳи олии Ҷумхурии Тоҷикистон рӯзи 29-уми сентябри 2015 Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), ки ягона ҳизби динӣ дар минтақаи Осиёи Миёнаро созмони террористӣ эълон гардида, фаъолияти он дар қаламрави кишвар манъ карда шуд.
Ин ҳизб манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халқ, аз ҳама муҳимаш тинҷиву оромӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёри азизи худро ба назар нагирифта, бо мақсади амалӣ намудани максадҳои нопокаш аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурда истодааст. Созмонҳои экстремистию террористӣ фаъолияташонро вобаста ба паҳн намудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаю адоват ва низоӣ мазҳабӣ дар ҷомеа, ба сафи худ ҷамъ намудани ҷавонон ва содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусиятҳои экстремистӣ ва террористӣ пурзӯр намуда, мехоҳанд ба сохти ҷамъиятӣ-сиёсии ин ё он давлат халал расонанд.
Имрӯз, ки мо дар асри нав, асри илму маърифат монанди сурати кайҳонӣ пеш рафта истодааст, асре, ки мардуми соҳибмаърифату донишмандаш ба пешрафтҳои нанотехнологӣ расиданду ҳамаи қабатҳои замину осмонро, илман мекушоянду фатҳ кардан доранд, хамаи ин дурӯғу, авомфиребӣ, финтнагариҳои ҲНИТ-ро хуб дарк карда истодаанд, намегузоранд, ба давлати ҷавони сисолаи мо осебе расад.
Хушбахтона, пеши роҳи амалҳои ғайриинсонии ҲНИ бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шуда истодааст. Ва бар зидди гуруҳҳои ифратгаро ва хусусияти террористидошта муборизаи беамон ба роҳ монда шудааст. Дар баромади худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудааст: “Мардуми Тоҷикистон равшан дарк намудаанд, танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу пешрафта мубаддал гардонад ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт”.
Мо, устодонро ҳолати имрӯза водор месозад, ки дар давраи ҳассос зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии донишҷӯёну шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифродгароӣ корбарӣ намоем. Бигзор Тоҷикистони азизамон гул-гул шукуфад, осмонаш ҳамеша беғубор бошад!
Атоева М.М. – номзади илмњои филологї, дотсенти кафедраи забони русї ДДЊБСТ