ҶАВОНОН – ҶОНИБДОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиндагии ороми мардуми халқи тоҷик шароитҳои хубро муҳайё намуда истодааст. Президенти кишварамон диққати махсуси худро ба ҷавонони кишвар равона менамояд ва таъкидҳои падаронаи худро барои дӯст доштан ва ҳимояи Ватани худ, эҳтиром намудани анъанаҳои миллӣ, ҳифз ва эҳё намудани фарҳангу маданияти миллӣ ва ғайраҳо даъват менамоянд. Инчунин ҷавононро барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ, рӯ овардан ба илму дониш, истифода намудан аз технологияҳои муосир даъват менамояд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки ҳоло Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Презизенти кишварамон барои ҷавонон ҳамаи шароитҳоро муҳайё ва дастгирӣ карда истодааст. Барои дастгирӣ намудани ҷавонон аз ҷониби ҳокимияти давлатӣ стипендия, квота, грантҳои давлатӣ ва имтиёзҳои зиёдро пешкаш мекунад. Инчунин як қатор санадхои меъерӣ ҳуқуқӣ низ барои дастгирӣ намудани ҷавонон қабул гаштааст, ки дар қатори онҳо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Консепсияи давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон ва ғайраҳо мебошад.
Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, ояндаи дурахшони миллат равона карда шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати хело кутоҳи Истиқлолият ба миқдори зиёди дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ, ҷомеъашиносиву дунёшиносиро ноил гаштааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сарвари давлат сиёсати хубро пайгирӣ кардааст.
Дар фарҷоми сухан мехостам қайд намоям, ки албатта Ҷавонони кишвар барои эъмини фазои орому осиштаи ватан кӯшиш хар харҷ дода, саҳми арзандаи худро баҳри ҳимояи Ватани азизамон мегузоранд.
Қосимова Д.И. – н.и.и., муаллимаи калони кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт