Хиёнатҳои Муҳаммадиқболи Садриддин
Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, дар замони муосир бо баробари баланд гаштани сатҳи таъминнокии аҳолӣ баъзе нафароне низ пайдо мешаванд, ки ба ҷои шукргузорӣ намудан аз чунин нозу неъматҳо ва тинҷиву оромии кишвар даст бар хиёнаткориҳое мезананд, ки инро хиёнат ба давлату миллат номидан дуруст аст. Ба сифати чунин ашхос Муҳаммадиқболи Садриддинро ҳамроҳ намудан мумкин аст. Ин шахс шахси нобакор, палид, ватанфурӯшу ифротӣ, террорист ва аз ҷиҳати рӯҳӣ носолиму кӯрнамаке мебошад, ки кораш худ танҳо андохтани иғво байни халқи оддӣ ва дар онҳо пайдо намудани ҳисси хусумат нисбати якдигар асту бас. Бинобар якчанд амалҳои хиёнаткоронаи ӯро номбар менамоем, ки ин дар асоси ҳам меъёрҳои қонунгузорӣ ва ҳам аз рӯи шариат ҷинояту гуноҳ эътироф мешавад.
- М. Садриддин аз номус сухан мегӯяд. Аммо беномус ходи ӯ ва роҳбаронаш ҳастанд, ки соли 1992 дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро роҳандозӣ карданд ва дар натиҷа ҳазорон нафар куштаю бехонумон шуд.
- Беномусию бешармии М.Садриддини ҷинояткор то дараҷае расидааст, ки ба уламо ва занҳои кишвар хитоб мекунад. Ба ҷойи шарм доштан аз ҷиноятҳои содир кардааш боз забондарозӣ мекунаду иғво бармеангезад ва одамонро бар зидди давлат ба шур оварданӣ аст.
- М.Садриддин, ки худаш дар хориҷа панаҳ бурдааст, бо ҳамон усули қадимии ҳаммаслаконаш аз номи дин суиистифода мекунаду уламо ва занҳои кишварро тарсонда, онҳоро бо баҳонаи “пуштибонӣ аз сатр” ба амалҳои зиддиқонунӣ ва зиддидавлатӣ таҳрик доданӣ аст. Рӯйи рост ба хунрезию куштор даъват мекунад. Мутаасиб, ифротагаро, ҷинояткор ва хиёнаткору террорист будани М. Садриддин дар ҳамин суханҳояш баръало ошкор мегардад.
- Ҷинояти дигари сангин ва нобахшидании М.Садриддин аз тарафи вай таҳқир шудани миллати тоҷик, мардону занон, Сарвари давлат, роҳбарони сохторҳо мебошад. Ӯ бешармона ва беинсофона Раиси Кумитаи занҳоро таҳқиру тавҳин мекунад.
- М.Садриддин ба хотири расидан ба ҳадафи шумаш, яъне дар кишвар роҳандозӣ кардани нооромӣ, мардони Тоҷикистонро тавҳин карда, беҳувияту расво мегӯяд. Аммо беҳувияту расво роҳбарону фаъолони ТЭТ ҲНИ ҳастанд, ки Ватану миллат ва дину мазҳаби худро ба хотири манфиатҳои моддиашон фурӯхтаанд.
- Амалаҳои ҷинояткоронаи ӯ то андозае сангину мудҳишанд, ки ҳатто агар аз ростӣ тавба кунад ҳам фоидааш нахоҳад кард. Бояд ҳатман тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Агар ба навиштаҳои ин душмани миллат таваҷҷуҳ кунем, мебинем, ки ҳар як ҷумлаи он зидди ватану миллат аст ва ҷинояткори ифротӣ буданаш аз он маълум мегардад. Золим худи М.Садриддин аст, ки бо навиштаҳои душманонааш давлати Тоҷикистонро туҳмат мекунад ва дар ҷомеа ихтилоф бармеангезад. Худи вай хоин аст, ки ватану миллаташ ва мазҳабашро ба хотири манфиати моддӣ фурухтааст.
Ҳамаи амалҳои зишт ва манфурона, ифротгароёна ва фитнаангезандаи М. Садриддин сазовори ҷазои аз ҳама сахттарин ва мудҳиштарин ҳисоб меёбад. Бинобар мо таҳти мададгорӣ ва ғамхории Пешвои миллати худ бо чунин нафарон мубориза мебарем ва намегузорем, ки чунин нафарони беватану бемодар фазои орому тинҷи кишвари моро халалдор гардонанд.
Қосимов З. А. – ассистенти кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ