ПРЕЗИДЕНТ ВА ШИНОХТИ АРЗИШҲОИ ДАВЛАТДОРӢ!

Мо насли хушбахти зодаи Истиқлолият мутмаин ва шоҳиди онем, ки бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи шарафманди тоҷик ба самти уфуқҳои нави рушду тараққиёт қадам гузошта истодааст. Зеро дар ибтидои Истиқлолияти давлатӣ ба Пешвои муаззами миллат муяссар шуд, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил диҳанд.

Дар ҳошияи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудани мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолҷавонони кишвар бахшида ба “Рӯзи ҷавонон” як нав натиҷагирӣ, баҳодиҳӣ ва пешниҳоди мақсаду вазифаҳои созанда барои солҳои оянда маҳсуб меёбад.

Омори корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон анҷом дода шудаанд дар суханронии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҷ шуд ва қайд гардид, ки то соли 1992 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 70 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар кишвар 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 245 ҳазор донишҷӯ фаъолият менамояд, ки аз он 17 донишгоҳ, 14 донишкада, 1 академия, 3 филиали муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, Консерваторияи миллӣ ва 4 муассисаи таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ мебошад.

Президенти маҳбуби кишвар баробари ҳузури муборакашон ба саҳнаи сиёсӣ, ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ бо мавқеъгирӣ ва суханони умедбахшашон ба дили мардум умед ба фардои дурахшонро зинда карда буданд. Ин абармарди таърих аз оғози фаъолияти хеш баҳри ба даст овардани Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи комил ва расидан ба ин рӯзи босаодат ҷаҳду талош ва мушкилиҳои зиёдеро паси сар намуданд, ки таърихи давлатдории навини мо онро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.

Аз ҳамин дидгоҳ, дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсияту хидматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсадо гашта, пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, ба сурати табиӣ дар Рӯзи Президент беихтиёр шахсияти таърихии Сарвари хирадсолори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои бузурги ин шахсияти ҷаҳонӣ дар роҳи наҷоти давлату миллат ва пойдории сулҳу Ваҳдати миллӣ пеши назар меоянд.

Мардуми сарбаланди тоҷик ба хусус навраосну ҷавонон ҳамеша ифтихор аз он хоҳанд дошт, ки Пешвои маҳбуби миллат сиёсатмадори баркамоли сатҳи ҷаҳонӣ буда,  мактаби сулҳофариашон ҳамеша мавриди омӯзиш қарор гирифта, намунаи беҳтарин роҳи ҳалли низоъҳои дохилӣ шинохтаву эътироф шудааст.

Тоҷикистон дар истифодаи самаранок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ намуна аст. Худи далели он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” – ро манзур намуд, шаҳодат аз он медиҳад, ки то чи андоза Роҳбарияти олии кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзӯи ҷаҳонии об аҳамияти хоса зоҳир менамоянд”.
Ин баҳои баланди ҷомеаи ҷаҳонӣ, роҳбарияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ нисбат ба иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои миллат ва Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро водор менамояд, ки дар амалӣ намудани ҳар иқдоми Сарвари маҳбубамон сидқан талош намоем.

Бояд қайд намуд, ки имрӯз номи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз серистеъмолтарин калима дар байни омма аст. Дар боғча, дар муассисаҳои таълимию ҳунарӣ, маҳфилу анҷуман хулоса дар ҳамаҷо хурду бузург бо ифтихор ва ғурури миллӣ номи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтироми хос ба забон меоваранд. Дар воқеъ чунин маҳбубият, чунин арҷмандии Президенти мо далели хизмат, садоқат ва ғамхорию ободкориҳои ӯ ва ҷоннисориҳояшон ба миллати тоҷик аст.

 

Туразода Ҷ.А. – декани факултети Бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ

 

You might also like