НОХАЛАФ ВА ДУШМАНОНИ ТОҶИК!

Дар ҳама вақт мешинам фикр мекунам, ки чаро як қабил инсонҳои аз бухл ва нодидабинӣ ба мардуми озоду осоишта, сулҳпарвар чашми дид надоранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо берун аз Ватани маҳбуб қарор гирифта, мехоҳанд дар кишвари мо ҷанг бошад, байни мардум талотум бошад. Лекин ин нақшаҳои ғайриинсонӣ ва душманӣ ба онҳо насиб нахоҳад кард.

Тоҷикистон худ як давлатӣ демократӣ ва озод мебошад. Дар ин кишвар тибқи Конститутсия бевосита аз дин ва мазҳаб ҳуқуқи озодона зиндагӣ намуданро додааст.

Имрӯз мусалмонон ё ин, ки дигар дину мазҳаб метавонанд озодона дар масҷиду хона намозҳои хешро иҷро намоянд. Ба ғайр аз ин халқи мо тамоми урфу одатӣ мусулмониро ба ҷо меоранд ва оиди ин масъала ягон хел маҳдудият аз тарафи давлату ҳукумат гузошта нашудааст.

Ман ҳамчун зиёӣ гуфтаниам, ки ин навиштҳои беасосӣ душманон ва даҳҳо ҳаммаслакони он ва дигарон наметавонад ҷомеаи моро ба парокандашавӣ роҳ ёбанд, чунки имрӯз халқи азизи ин кишвар аллакай сафедро аз сиёҳ, хубиро аз бадӣ фарқ мекунанд. Шахсони душман фикр мекунанд, ки халқи тоҷик ранги худошон, мутассифона хато мекунанд онҳо худ гумроҳанд ва ғуломи зархариди хоҷаҳои хориҷӣ гардидаанд.

 

Дадоматов Д.Н. – мудири кафедраи баҳисобгирии

бухгалтерии ДДҲБСТ 

You might also like