ДАСТОВАРҲОИ МИЛЛИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Таърих дар саҳифаҳои худ рўзҳоеро сабт менамояд, ки дар сарнавишти миллату халқияте асари худро гузошта бошад. Чунин рўз дар таърихи миллати мо рўзи ваҳдату ягонагӣ аст. Чандест, ки насими истиқлолу ваҳдат вазида, кишвари моро ободу гулафшон кардааст. Аз қадимулайём мардум барои осудаву ором зиндагӣ кардан ва беҳбудии зиндагӣ муттаҳидона умр ба сар мебурданд. Онҳо баробар кор мекарданду ризқу рўзияшонро ҳам баробар бо ҳам медиданд. Инсоният бидуни ягонагиву баробари ба мартабаи имрўзаи худ расиданаш номумкин аст. Маҳз ваҳдат инсониятро ба беҳтарин тараққиёт ноил гардонид ва мегардонад.
Халқи тоҷик дар тўли таърихи мавҷудияти худ аз санҷишу озмоишҳои бисёре сарбаландона гузашт. Ёд меорем, рўзҳое, ки ба сари мардуми азияткашидаву озордидаи мо омада буд. Солҳои ҷанги шаҳрванди рўзҳое буданд, ки бародар хуни бародар рехт.
Барои мардуми тоҷик мафҳуми Истиқлолият ва арзишҳои миллӣ баробари аз байн рафтани Иттифоқи Шўравӣ чун қисмати асосии таҳкими давлатдории навин ва сохтани давлати соҳибистиқлол гардид. Барои мардуми миллати мо ба даст овардани ин соҳибихтиёрӣ бо баҳои гарон ба даст омадааст. Бинобар он дар бораи дастовардҳо, вакте ки мо ҳарф мезанем, ҳамеша бояд дар ёд дошта бошем, ки заминаи аввалини ин дастовард ин сулҳу оромӣ ва ваҳдати комили мардуми шарифи диёр аст. Дастоварди бузургтарини мо дар тўли 30 соли Истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳ, болоравии ҳисси ватандўстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеа густариш ёфт.
Баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ё худ бародаркушӣ вазъи сиёсию иҷтимоии давлат ва буҷети давлат зарари калон дидааст. Бо заҳмату фидокории мардуми Тоҷикистон таҳти сарварии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои миллат- Эмомалӣ Раҳмон сол то сол мо ба дастовардҳои нави сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ комёб гаштем. Ҷумҳурии Соҳибистиқлоли мо дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ва марҳилаи нави тараққиёт ворид гашт.
Бо ташаббуси сарвари давлатамон Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои миллат- мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои нав бунёд шуда, барои шаҳрвандони бекор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обӣ ва канданиҳо мебошад. Бо ёрии инвиститсияҳои хориҷ ва бо қувваи шаҳрвандон саноат барқарор шудааст.
Аз ҷумла, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни харбӣ зиёд гардид.
Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнати шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то степендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои степендия зиёд карда шуд.
Давлати тоҷикон чун як субъекти алоҳидаи давлатдорӣ дар харитаи ҷаҳон барои мардуми башар ҳамчун як давлати сулхоҳ ва муборизи мустаҳкамёбии арзишҳои олии инсонӣ аст.
Истиқлолияти энергетикӣ, рушди саноат, фаъолияти корхонаҳои муштарак, таъсиси марказхои илмӣ, зиёд гаштани теъдоди муассисаҳои таълимии касбӣ ва олӣ, , ки дар ин давраи дар назди таърих на чандон тӯлонӣ мардуми ватанамон таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат- Асосгузори сулҳу ваҳдат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ноил гаштанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати Соҳибистиқлол ҳамеша ба дониш, иродаи қавӣ ва садоқати фарзандони диёраш такя мекунад.
Натиҷаҳои имрӯза ва дастовардҳои ин кишвари куханбунёди мо собит месозанд, ки имрӯз ба ояндаи устувор, дурахшон ва дастовардҳои бузург эътимод дошта бошем. Зеро ин таърих, фарҳанг ва мероси бой моро дар ин самт боэътимод месозад.
Бузургтарин дастоварди миллати мо, мардуми шарифу сарбаланди мо бо роҳбарии сарвари оқилу хирадманди мо, сиёсатмадори барҷаста, мо бояд сипосгузор аз он бошем, ки вожаи Ваҳдат ба мо озодии комил, истиқлолияти том, забони тозаи модарӣ, дарҳои кушодаи илму фарҳанг, баробарӣ, зиндагии дунявӣ ва демократиро фароҳам овардааст.
Бабаев Х.С. – кафедраи аудит ва ревзияи ДДҲБСТ