Оид ба масоили муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳлили мухтасари баъзе санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ)
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешгирии ҷинояткорӣ якчанд Консепсияҳо, Стратегияҳо ва Барномаҳои давлатӣ, қонунҳо қабул шудаанд, аз ҷумла Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 феврали соли 2018,№ 1005 тасдиқ шудааст; Консепсияи максадноки миллии илмию таҳқиқотӣ оид ба масъалахои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипхои демократӣ ва рушди ҷомеаи шахрвандӣ барои солхои 2013-2028 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.02.2016 № 66).
Дар маркази Консепсияи мазкур инсон ва тамоми таҳаввулоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсие, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ба амал омадаанд, барои беҳбудии хаёти одамон равона шудаанд. Навсозии ҷомеа амалӣ гардида истодааст, ки дар он инсон ҳамчун субъекти асосии таҳаввулоти муосир муайян мегардад. Шиори асосии Консепсияи мазкур “Ҳама чиз барои инсон ва барои зиндагии шоистаи ў” мебошад. Консепсияи мазкур масъулияти давлат, ҷомеаи шаҳрвандиро нисбат ба шахсият ва шахсро нисбат ба давлат ва ҷомеа, эътирофу эҳтироми волоияти қонун, арзишҳои волои демократӣ ва масъулияти инсонро ба ояндаи ҷомеа муайян менамояд. Эътирофи масъулияти тарафайни давлат ва ҷомеаи шахрвандӣ яке аз мақсадхои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Давлати дунявии Тоҷикистони муосир намунаи хуби муносибати таҳаммулпазирона бо ислом, ҳамзистии ҳизбҳои гуногун, ҳаракатхо ва гурўҳҳои мухталиф мебошад. Тоҷикистон дар амал нишон дод, ки дар муддати хеле кўтоҳ низои дохилиро бартараф карда, ба рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гузаштан мумкин аст.
Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар соҳаи дин» бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2018, № 1042 тасдиқ шудааст.
Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, № 222 тасдиқ шудааст.
Дар боби якуми ҳуҷҷати мазкур қайд шудааст:
- Коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад.
- Аз рўзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
- Дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднокро роҳандозӣ намуда, барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ пайваста заминаҳои ташкиливу ҳуқуқиро амалӣ намуда истодааст.
- Баъди ба тасвиб расонидани «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» (минбаъд – Конвенсияи СММ зидди коррупсия), яъне шурўъ аз 25 сентябри соли 2006 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати имрўза зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуда, барномасозии муқовимат ба коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуд.
- Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта то ин муддат ду санади барномавии дурнамо, аз ҷумла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул карда шуданд.
- Тазаккур бояд дод, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз дар доираи стратегияҳои мазкур амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба муқовимат ба коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст.
- Бо иҷрои талаботи нақшаи чорабиниҳои амалисозии стратегияҳои номбурда ҷиҳати тақвияти шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳаи хизмати давлатӣ, муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои содир намудани тамоми кирдорҳои коррупсионӣ ва ошкору пешгирӣ намудани чунин кирдорҳо заминаҳои боэътимод фароҳам оварда шуд.
- Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт Шўрои миллии муқовимат ба коррупсия, дар вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шуданд.
- Муҳлати амали «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 тасдиқ карда шудааст, ба итмом расид. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар давраи амалисозӣ Стратегияи мазкур барои паст кардани шиддати коррупсия ва баланд бардоштани обрўю нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
- Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд – Стратегия) ҳамчун барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб рафта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.
- Чорабиниҳои дар Стратегия пешбинишуда ба меъёр ва принсипҳои қонунгузории миллӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва пешгўии раванди он, натиҷаҳои тадқиқотҳои илмию амалияи муқовимат ба коррупсия, таҷрибаи амалҳои муштарак, ки аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шудаанд, асос ёфтааст.
Дар боби 2 мақсад, вазифа ва принсипҳои татбиқи Стратегия, боби 3-самтҳои асосии Стратегия, боби 4-механизми амалигардонии Стратегия, боби 5-мониторинг ва баҳодиҳии Стратегия, баррасӣ гардидаанд.
Мо устодони донишгоҳ дар асоси талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияҳо, Стратегияҳо ва Барномаҳои давлатӣ, қонунҳои амалкунанда дар пешгирии ҷинояткорӣ ба қадри имконоти мавҷуд буда саҳм гузошта истодаем. Шакли асосии муқовимат ба ҷинояткорӣ аз ҷониби устодон ин таълифот ва нашри мақолаҳои илмӣ, мақолаҳои хусусияти тарбиявӣ дошта, маърўза дар конференсияҳои илмӣ-амалӣ, тибқи нақша-чорабиниҳои мувофиқа шуда ташкил ва гузаронидани машѓулиятҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои гуногуни берун аз донишгоҳ қарор дошта, шарҳу тавзеҳоти қонунгузории ҷорӣ доир ба пешгирии экстремизм, терроризм ва дигар падидаҳои номатлуб дар гурўҳҳои таълимӣ, маҳсуб меёбанд.
Пўлотов К. И. – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ