Даъвати сокинон ба нигоҳдории сулҳу субот дар кишвар ва роҳ надодан ба ташкили гирдиҳамоии ғайриқонунӣ

«Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷахонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад».

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки масъалаи таъмини амнияту субот дар кишвар, минтақа ва ҷаҳонро муаммои глобалӣ номидаанд.

Чи хеле ки ба ҳамагон маълум аст, дар замони муосир дар як қатор давлатҳои исломӣ ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси зиёд шудани шумораи фирориёни иҷборӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани муаммоҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Асоси ин муаммоҳои иҷтимоӣ, маҳз, терроризм ва ифротгароӣ  маҳсуб ёфта, бо оқибати даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст.

Дар охири асри ХХ, баъд аз барҳамхӯрии давлати абарқудрат бо номи Иттиҳоди шӯравӣ ва ба амал омадани ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаи муҳим ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид.

Хушбахтона, баъд аз истиқрори сулҳ Тоҷикистон ба истиқлолияти комил расид ва дар ин замина дар арсаи байналхалқӣ мақому манзалати худро соҳиб шуд. Гуфтан ҷоиз аст, ки имрӯз бисёр мамлакатҳои ҷаҳон сулҳи тоҷиконро  намунаи ибрат медонад.

Бо вуҷуди ин, мутаассифона, дар кишвари мо гурӯҳҳои эктромистиву террористӣ таҳти унвони ТЭТ ҲНИ ҳоло ҳам ба назар мерасанд, ки ҷомеаро ба ташвиш меорад. Ҳадафи роҳбарони ТЭТ ХНИ ба даст овардани ҳукмронии давлат ва ҷорӣ намудани режими Ихвон-ул-муслимин будааст. Худи Ҳизби наҳзати Ислом шохае аз Ихвон-ул-муслимин буда, бештари роҳбарони он дар асоси китобҳои саркардагони ихвонӣ мақсади худро барои бунёди давлати исломӣ ба роҳ мондаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ фаъолияти созмонҳои экстремистию террористии «Ал-қоида», «Толибон», «Бародарони мусулмон», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат Ан-нусра», «Гуруҳи-24» ва Ҳизби наҳзати исломии  ғайриконунӣ эълон карда шуда, фаъолияти онхо дар қаламрави кишвар манъ гардидааст.

Мутаассифона, имрӯз бархе аз ҷавонон ва шаҳрвандон бо сабаби паст будани шуурии сиёсию динӣ ба ин созмонҳои экстримистию террористӣ фаҳмидаю нафаҳмида шомил мешаванд, ки ин вазъият хеле ташвишовар аст. Ҳол он ки, ҷавонон дар бораи заминаи идеологӣ доштани ин гурӯҳҳо ва ҳаракати ифротӣ тасаввурот надоранд ва онҳо зери таъсири шиорҳои баланд, хусусиятҳои зоҳирӣ ва ҷузъиёти дигар қарор мегиранд.

Воситаи дигари таъсиррасон ба шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ин истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ мебошад. Созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ин усул бо паҳн кардани сабтҳои видеофилмӣ, наворхои таблиғотӣ ба психологияи ҷавонон таъсири манфӣ расонида, тарафдорони худро зиёд намуда, ҳатто ба “ҷиҳод”, ё худ ҷанг даъват менамоянд.

Аз ин ру, сарнавишти ҷавонон аз он қувваҳои сиёсие, ки бештар ба ташаккули ҷаҳонбинии онҳо таъсир мерасонад, вобастагии калон дорад. Бо вуҷуди кӯшишу дастгириҳои ҳамаҷонибаи давлат ва ҳукумат ҳоло ҳам, мушкилоти ҷавонон, яъне ба мазҳабу равияҳои бегона шомил гардидани бархе аз онҳо ҷой доранд. Вазъияти мазкур метавонад дар оянда ба сиёсати давлат халалдор  гардида, барои ба гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ оварда расонад.

Аз ин хотир, ба андешаи мо, баҳри нигоҳдории сулҳу субот дар кишвар ва роҳ надодан ба ташкили гирдиҳамоии ғайриқонунӣ чунин заминаҳо бояд амалӣ гарданд:

  • бояд ба тарбияи ҷавонон, ки дар сатҳи паст қарор дорад, эътибори ҷиддӣ дода шавад;
  • падару модарон нисбат ба фарзандони худ бомасъулият бошанд;
  • устодону омӯзгорони макотиби олӣ ва миёнаву махсус ба тарбияи ҷавонон диққати ҷиддӣ дода, ҳисси ватандӯстӣ, ҳуввияти миллии онҳоро баланд бардоранд;
  • шумораи мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ки дар сатҳи давлат қарор доранд зиёд карда шавад.

Дар ҳақиқат, сулҳ амниятест, ки чун дар мавриди хоб будани тифлакон модар дар истироҳат асту изтироб надорад, дар мавриди сулҳу осоиштагӣ низ давлат орому осоишта арзи ҳастӣ менамояд. Пас, сулҳу осоиштагӣ ва фароғати давлату миллат худ аз худ баосонӣ ба даст намеояд.

Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи амнияту сулҳу суботи кишвар беканор набошад.

 

Ҳамидова М.М. – муаллими калони кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ

You might also like