ЗИКРИ ТАРБИЯИ ҶАВОНОН БАР ЗИДДИ ЭКСТРЕМИЗМ

Дар Тоҷикистон чун дигар мамлакатҳои ҷаҳон экстремизм, терроризм ва ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта зоҳир шуда истодааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такид намудани ин раванди пурхатар чунин изҳор намуданд, «Воқеан дини мубини ислом сарчашмаи адаб, махзани бузурги панду насиҳат ва тарғиби некиву накукорист. Бинобар ин ҳар яке мо бояд бо арҷ гузаштанба ин арзишҳо бо илму фарҳанг, ҷавонмардиву саховатмандӣ ва ахлоқи ҳамидаи худ намунаи ибрат бошем, ва барои эъмори як ҷомеаи пешрафтаи солим саъю талош намоем».

Мутаасифона, шомилшавии ҷавонон ба грӯҳҳои ҳаргуна террористиву, экистремистӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ рӯз аз рӯз зиёдтар ба назар мерасад.

Объекти ҳуҷуми агрессии экстремистон ҳамаи соҳаҳои муосири иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ мегарданд, ки аз нуқтаи назари идеологҳои экстремизм онҳо садди роҳи барқарор кардани асосҳои тартиботи нав мебошад.

Мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ба қадри сулҳу салоҳ, осудагии ҷамият ва оромии давлат расида ба ободониву созандагӣ ва бо тарбияи ҷавонон машғул шавем. Мардуми тоҷик,  ҷавонон доимо дар асоси Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, якҷоя, ҳамдилона ба бунёди ҷомеаи якдилу якмаром, давлати мутараққиву бонизом саҳмгузор бошем.

 

Умарова С.И. – муаллими калони кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақа

You might also like