Доир ба хиёнатҳои ташкилоти экстромистиву террористии ҳизби наҳзати ислом

Терроризму экстеремизм дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон-дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ метавонад ба миён ояд.

Мутаассифона, терроризму экстеремизм дар замони мо хусусияти ҷаҳонӣ касб карда, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо усулҳои ғайриинсонӣ ба амал оранд ва кишварҳои ободу пешрафтаро ба харобазор табдил диҳанд.

Гузаштани таърих ва ҳодисаву воқеаҳои дар ҷаҳони муосир рӯйдода аз он бозгӯ мекунад, ки экстеремизму терроризм бештар аз ҳама дар бахши дин, махсусан бо иштироки “намояндагон”-и  дини ислом дучор меоянд.

Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба назари донишмандону таҳлилгарон, азбаски дин (новобаста аз шаклу хусусият) яке аз ҳассостарин ҷанбаи ҳаёти маънавии ҷомеаро ташкил медиҳад, тахрибкорони андешаи солим маҳз аз ин роҳ мехоҳанд ба осонӣ миёни мардум ихтилоф ангезанд. Динҳои дигар, ки таърихи тӯлонитар доранд ва аҳли онҳо пеш аз ислом чунин бадбахтиҳоро аз сар гузаронидаанд, ба ин гуна фитнаҳо қариб, ки дода намешаванд. Аммо пайравони дини ислом бо ҳассосияти худ фарқ мекунанд.

Аллакай механизми сӯйистифодаи дин аз тарафи экстремистону террористон маълум аст: як гурӯҳ ҷангҷӯёнро бо пардохти маблағҳои калон гирд меоранд ва беибо тамоми амалҳои ваҳшиёнаву ғайриинсониро зери кадом шиори дине, ки хоҳанд, амалӣ мекунанд ва пушти ақидаҳои динӣ ҷиноятҳои содиркардаашонро пинҳонӣ дошта, ҳамаи инро аз “қонуни шариат” мегӯянд.

Аксарияти амалҳои террористиро имрӯзҳо аз номи ислом ва бо номи он амалӣ карда истодаанд.

Мутаассифона, экстремизм ва терроризм ба яке аз мушкилоти умдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва чун аниқтар таҳлил кунем ин мушкилиро ҷомеаи ҷаҳонӣ худ эҷод кардааст. Маҳз стандартҳои дугонаву духурагиҳо дар сиёсати ҷаҳонӣ ба ин боис  гардидаанд.

Дар хотир бояд дошт, ки эшон барои даст ёфтан ба манофеи худ аз ягон усул рӯ намегардонад. Ҳатто баъзе аз доираҳои манфиатдор кӯшиш мекунанд ба ифлостарин корҳо, то андозае, ки афкори умум бардошт доранд, либоси мусбӣ пӯшонанд ва ё андешаи мардумро ба мавҷудияти ногузири онҳо мутобиқ созанд.

Ин ва дигар омилҳои шабеҳ аз усулҳое ҳастанд, ки ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб намуда, ба механизми қатлу куштор ва даҳшатафканӣ табдил медиҳанд.

Бинобар ин моро лозим аст, ки сатҳи огоҳии аҳолиро аз хатарҳои терроризму экстремизм баланд бардошта, насли ҷавонро дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намуда, онҳоро ҷиҳати аз худ намудани донишҳои муосир талқин намоем. Инчунин ба корҳои муфиду созанда, ки дар ҳаёти рӯзгори худу атрофиён паёмадҳои нек меорад, рӯ овардан, истифодаи дуруст аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва омӯзонидани суннатҳои қадимаи ниёгонамон, аз қабили эҳтироми калонсолон, маърифати оиладорӣ, кӯмак ба дармондагон, анҷоми корҳои ободонӣ ба тариқи ҳашар, ки ҳамаи он боиси пайдоиши ҳисси дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ мегардад.

 

Хоҷаева М. И. – мудири кафедраи аудит ва ревизияи ДДҲБСТ

You might also like