ОРОМИЮ ОСОИШТАГИИ КИШВАРРО БОЯД НИГОҲ ДОШТ

Тавре аз расонаҳои расмӣ маълум аст снаи 27.01.2022 с. тахмин соати 17:20 маҳаллӣ дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон байни аҳолинишини сарҳад сокинони деҳаи Оқсои вилояти Ботканд ва деҳаи Хоҷа-Аъло муносибатҳо тезу тунд гардида ва дар охир тахмин соатҳои 18:10 маҳаллӣ аз тарафи дидбонгоҳи Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд, ки дар натиҷа байни аҳолинишини Тоҷикистон нафарани ярадор ва тоҳатто фавтидагон ба қайд гирифта шуд.

Мутаасифона чунин амалҳои вайронкунии сарҳади Тҷикистон аз тарафи мардуми ҳамсоя Ҷумҳурии Қирғизистон вақтҳои охир зуд-зуд ба вуқӯъ пайваста истодааст, ки чунин ҳолат ба вайрон шудани муносибатҳои ду кишвар шуда метавонад.

Афсус, ки барои як қатор гурўҳҳои ифротӣ ин сабаби истифода аз фурсати баамаломадаро аз даст надода, ҳолатро боз ҳам мушкилтар карда истодаанд.

Воқеъаҳои дар Ҷумҳурии Қазоқистон исбот намуд, ки агар дар аввали сарзадани чунин амалҳо пешгирӣ накардан ва чораҳои заруриро наандешидан ба сар задани бетартибию ғоратгарӣ, кушторҳо ва амсоли онҳо оварда расонида ва аз ҳама муҳимаш ба иқтисодиёти кишвар миллионҳо маблағ зарар меоварад.

Хурсандиовар дар он аст, ки Тоҷикистон чунин вазбиниҳоро паси сар намуд ва дар байни аҳолӣ оромию осоиштагӣ ба роҳ монда шудааст. Мардуми тоҷик дарк намудааст, ки пеши содиршавии чунин амалҳои ғайриқонуниро гиранд, то гуруҳҳои гурўҳҳи террористию экстримистӣ аз ин истифода набаранд.

 

Орипов А.А. – н.и.и., дотсент, декани факултети баҳисобгирӣ ва андози ДДҲБСТ

You might also like