СУЛҲУ АМНИЯТ – ЗАМИНАИ АСОСИИ РУШДИ ҶОМЕА

Пойдории ҷомеа ва рушду инкишофи он аз суботи сиёсӣ ва амнияти ҷамъиятӣ вобастагии бевосита дорад. Аз замони пайдоиши худ давлат маҳз дар анҷоми ин вазифаҳои муҳими сиёсӣ машғул буда, вобаста ба тавоноӣ ва иқтидорӣ ҳарбии хеш ин вазифаи муҳимро анҷом медиҳад. Хоссатан дар давлатҳои низоми демократӣ дошта, давлат қабл аз ҳама масъули таъмни суботи сиёсӣ ва амнияти давлатӣ дониста мешавад. Масъалаҳои дигари иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ бошад, бо иштироки фаъоли мардум ҳал мегардад.

Назари бархе коршиносон дар мавриди аз тарафи давлат пурзўр шудани таъмини суботу амниятии вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон асос дорад. Зеро давлат ҳамчун институти асосии системаи сиёсӣ барои ҳифзи суботу оромӣ ва пешрафти ҷомеа масъулияти бузург дорад ва ин вазифаи худро иҷро намуда истодааст. Пӯшида нест, ки мутаассифона то ҳол гурўҳу созмонҳои дохиливу хориҷие ҳастанд, ки масъалаи пурзўршавии фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқро нодуруст шарҳ дода, мехоҳанд байни мардум ва ҳокимият як навъ ҳисси нобовариро ба вуҷуд оранд. Бо ин роҳ мехоҳанд ба пешравии кишвар монеа эҷод намуда, обрўву эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ раст намоянд.

Имрўз гурўҳҳое ҳастанд, ки бо ҳар баҳона дар байни мардум фитна андохта, назари аҳолиро нисбати ҳокимият дигаргун кардан мехоҳанд. Баъзан Сардори давлатро айбдор мекунанд, ки солҳои тўлонӣ дар сари қудрат қарор дорад, баъзан ҳокимиятро бо порахўриву ноўҳдабарорӣ айбдор менамоянд ва ҳоло бошад мавзўи нави онҳо ин айбдор намудани мақомотҳои қудратӣ нисбати пўрзўр намудани тафтишот ва назорати равандҳои сиёсии ҷомеа мебошад.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар минтақаи сарҳади давлати Афғонистон қарор дорад ва он яке аз минтақаи ҳассосу ноором ба ҳисоб меравад, ки бо омадани Толибон ба сари қудрат хатари боз ҳама бештар гардид. Масъалаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳам фаъолияти ҳизбу созмонҳои террористӣ мавзўъҳои хавфнок ба ҳисоб рафта, давлат пайваста кўшиш ба харҷ медиҳад, муқобили он муборизаи худро пурзўр  намояд. Зеро таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи суботи сиёсӣ вазифаи асосии давлат ба ҳисоб меравад. Бетарфӣ нисбати ин масъалаҳо ва бедиққатӣ метавонад ба якпорчагии давлат хатар эҷод намояд. Аз ин рў тарзи корбарии мақомтҳои қудратӣ дуруст баҳо дода шуда, онро ҳамчун роҳи ҳифзи суботу оромии ҷомеа маънидод карда шавад.

Мақсади Роҳбари давлат низ аз он иборат аст, ки оромии минтақа ҳифз карда шуда, гурўҳҳои ҷинояткор нисбати рафторҳои ғайриқонунии худ дар назди қонун ҷавоб диҳанд. Агар бо ҷиддияти том нисбати масъала муносибат нашавад, чунин гурўҳҳо боз қувват гирифта оромии ҷомеаро аз байн мебаранд. Бинобар ин пурзўршавии  кори мақомотҳои қудратӣ нисбати нигоҳдошти ғайриқонунии яроқ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва гурўҳҳои ҷинояткор ҳамчун роҳи таъмини суботу оромии ҷомеа фаҳмида шавад ва набояд ин амалро аз рўи гумонҳои беасос нодуруст таъриф намуд.

Имрӯз моро зарур аст, ки аз таърихи начандон дури гузаштаи давраи соҳибистиқлолӣ сабақ омӯзем ва дар вазъияти сиёсии замони имрӯз, ки торафт рақобати байни давлатҳои абарқудрат шадидтар мегардад, якпорчагии кишвар ва суботу амнияти онро ҳифз намоем. Чуноне ки дар ин иртибот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Дар шароити торафт мураккабу печида гардидани авзои сиёсии ҷаҳон зарур аст, ки ҳар яки мо ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаи бадхоҳони миллати тоҷик фирефта нагардем, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем, сарзамини аҷдодии худро сидқан дўст дорем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиамонро содиқона ҳифзу эҳтиёт кунем ва саъю талоши фарзандонаи худро барои дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони маҳбубамон дареғ надорем».

Мо аз хотир набарорем, ки пешрафту ободии кишвар танҳо дар ҳолатии оромӣ, ягонагии ҷомеа, ваҳдати саросарӣ ва ҳифзи якпорчагии он имконпазир аст. Ҳамагон хуб медонем, ки сол аз сол шароити иҷтимоии мардум беҳтар шуда истодааст. Корҳои ободониву созандагӣ бо суръат идома дорад. Боварии комил дорем, ки  дар ҳолати тиниҷиву оромӣ ва ягонагии ҷомеа дар арафаи 30-солагии соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд ва шароити сокинони ҷумҳурӣ боз ҳам беҳтар мегардад. Ягона вазифаи муҳими мо шаҳрвандон ба дасисву фитнаҳои бегонагон дода нашудан ва пайваста саҳм гузоштан дар ободиву созандагии кишвар мебошад. Зиндагии моро ба ҷуз худи мо касе беҳтар намекунад.

 

Шўҳрат Саидзода – мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like