ХУДШИНОСӢ ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОИИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ АСТ!
Яке аз нишонаҳо ва рукнҳои пойдорӣ, пешрафт ва шукуфоии давлату миллат ва муаррифгари он дар арсаи байналмилалӣ аз истиқлолияти давлатӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ замина гирифта, миллату давлатро пайваста ҷовидон нигоҳ медоранд. Бахусус раванди ҷаҳонишавӣ, ки дар ҷаҳони муосир босуръат идома дорад, аз ҳар давлати миллӣ тақозо менамояд, ки баҳри нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ ғоя ва худшиносии миллиро тақвият бахшад. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти ин масъалаи тақдирсози миллатро дар тамоми баромаду суханрониҳои хеш пайваста таъкид менамоянд. Тавре ки Президенти кишвар барҳақ иброз менамояд:, «Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус наврасону ҷавонон, ҳадафи муҳим маҳсуб мешавад». Қайд намудан зарур аст, дар ҷаҳони муосир, хусусан дар шароити имрӯза, ки терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба зуҳуроти мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст ва вақтҳои охир ба ҷавонон ва занону духтарони ноогоҳ кӯр-кӯрона ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд. Ба тамоюли бегонапарастӣ ва фарҳангӣ бегона майл намудани ҷавонон, занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ, тақлидкорӣ, рафтору гуфторе, ки ба фарҳангӣ миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд ба чашм мерасад. Миллате, ки худшиносӣ ва ҳувияти ватандориро такмил намедиҳад, ботадриҷ маҳв гардида, истиқлолияти хешро низ аз даст медиҳад. Таърих ин гуна мисолҳоро зиёд дар хотир дорад.
Аз ин рӯ, ба мо сокинони кишвар зарур аст, ки ба хотири пойдорӣ ва устувории Истиқлолияти давлатӣ дар замири шогирдон ва ҷавонони хеш худогоҳӣ ва худшиносии миллиро ташаккул диҳем. Чунки мавҷуд набудани худогоҳӣ дар фардияти ҳар шахс боиси аз байн бурдани худшиносии миллӣ мегардад ва шахси ноогоҳ мисли кӯдаке, мебошад, ки аз воқеият дур буда, моҳияти аслии ҳаводиси рухдодаро дарк карда наметавонад. Ташаккули худшиносӣ дар фард вобаста аст ба он, ки шахс бо таърихи гузаштаи аҷдоди хеш то кадом сатҳ ошноӣ дорад. Маълумоти кофӣ доштан аз таърихи гузашта дар шахс худшиносиро ба вуҷуд оварда, ҳувияти ватандориро қавӣ мегардонад. Бо чунин мазмун Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар афзал донистани манофеи давлату миллат, саъю талоши пайваста ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии Ватан, суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва иқтидори иқтисодии давлат вазифаи шаҳрвандӣ ва масъулияти фарзандии ҳар яки мову шумо, яъне тамоми халқи Тоҷикистон мебошад».
Маълум аст, ки бе чунин ғамхорӣ ба Ватану миллат ва ҳифзи соҳибистиқлолии кишвар ягон халқу миллат ҷавҳар ва асолати худро маҳфуз дошта наметавонад ва ботадриҷ дар гирдоби таърих бе ному нишон мешавад. Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст, чунки миллате, ки аз ҳаводиси гузаштаи таърих сабақ намегирад, бо дастовард ва хидматҳои дар тамаддуни башарӣ анҷомдодаи гузаштагон ифтихор намекунад, хоҳу нохоҳ асолати хешро аз даст дода, аз сафҳаи таърих бенишон мегардад. Бинобар ин, рӯ овардан ба арзиш ва анъаноту суннатҳои миллӣ маҳз дар натиҷаи ба даст овардани Истиқлолият барои миллати тоҷик муяссар гардид, ки ин нуқтаро низ Сарвари давлат бисёр хирадмандона дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа қайд намудаанд: «Истиқлолияти давлатӣ барои дарк ва решадор гардонидани худшиносии милливу динӣ ва озодиву ифтихори миллӣ шароит ба вуҷуд овард. Ва дар навбати худ эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамчун омили муҳимтарини анъанавӣ ба таҳкими Истиқлолияти давлатӣ мусоидат намуд». Ба хотири тақвият ёфтани худшиносии миллӣ дар шуури ҷавонон ҳисси ифтихори миллӣ ва ҳувияти ватандӯстиро бедор намудан зарур аст, ки ин омилро низ Сарвари давлат ҳамчун вазифаи муҳим барои аҳли ҷамоатчигӣ пеш гузоштаанд: «Мо вазифадорем, ки ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастии фарзандони худро тақвият бахшем, то ки онҳо арзишҳои фарҳанги ғаниву рангоранги гузаштаи миллати худро қадр намоянд». Амалигардонии ин вазифаи муҳим ва айни ҳол зарурӣ маҳз дар натиҷаи амиқ омӯхтани таърихи пурифтихори гузаштагон ва хидмати онҳо дар пешбурди фарҳангу тамаддуни башарӣ муяссар хоҳад гардид.
Ватанро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст доштан, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ будан, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо овардан, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода будан, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз пайваста талош варзидан ва Тоҷикистони маҳбубу биҳиштосои худро ба як кишвари пешрафта ва шукуфо ба ҷаҳониён муаррифӣ кардан вазифаи виҷдонӣ, инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар як фарди боору номус мебошад.
Ҷабборов А. А. – декани факултети инноватсия ва ТК