ВАТАНДӮСТӢ АЗ ГӮШАИ ИМОН

Ватандӯстӣ аз гӯшаи имон аст мегӯянд дар урфият. Ватан чун ҷону тан аст. Ин маънои онро дорад, ки ҳар кадоми мо маҳз дар асоси ин мафҳуми хеле ҳам пурсобиқа ва ҳасос орзу ва ҳавасҳои худро ташаккул медиҳем, ояндаи худ ва фарзандонамонро мебинем, заминаҳои маънавӣ ва қонунии мавҷудияти худро асоснок мекунем.

Боиси қайд аст, ки баъзе аз кишварҳои дуру наздик намехостанд дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ бошад ва бо ҳар роҳ ба раванди сулҳ халал мерасонданд. Тавре ки маълум аст, аз нахустин қадамҳои истиқлолият доираҳои муайяни бадхоҳ бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонданд. Дар натиҷа беш аз сад ҳазор шаҳрвандони мо кушта шуданд, қариб як миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуданд.

Вазъияти ногувори амният дар ҷахон фаъолиятҳои гурӯҳи ифротгароию терористӣ тақозо менамояд ки мо сади роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ваҳхамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми худро гузорем.

Мирзоҷонова М.Қ. – мудири кафедраи забони англисии ДДҲБСТ

You might also like