ҲАДАФҲОИ НОМАТЛУБИ ТЭТ ҲНИТ
Бадбахтона дар Точикистони азизу махбуби мо низ аз солҳои 90- уми асри гузашта сар карда, созмоне бо номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо мақсадхои нопоку риёкорона ва ҷинояткорона ба саҳнаи сиёсат омад. Ин созмон фазои орому осудаи Ватанро ба хоку хун оғушта кард бо роҳи низоъандози оташи ҷанги шаҳрвандиро афрухта садҳо ҳазор нафарро бадбахту хонавайрон кард.
Раиси ТЭТ ҲНИ аз нахустин рӯзҳои фаъолияташ дар ҳизб ғаразҳои нопок ба давлати азизу маҳбубамон доштааст ва мехост, ки бо чунин ҳаракатҳои номатлуби хеш ҷомеаи моро ноором созад. Муҳиддин Кабирӣ бо мақсадҳои нопоки худ нарасида, аз Ватан фирор карда, ақидаҳои нопоки худро пасипардагӣ идома дода истодааст.
Мардум дарк намуд, ки дар бисёр амалҳои ҳодисаҳои соли 1992 аъзои ҳизби манъшудаи наҳзати исломии Точикистон даст доранд. Ба хар гуна роху восита мехоханд, ки чавонони моро ба сафи харакатхои терористиву тундгаро, аз чумла шиагарои чалб созанд. Солхои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобали табдил ёфта, мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба тавсеа ётани терроризм, фаолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи гуруҳҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онхо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки кирдорҳои террористӣ бо мақсадҳои гуногун тарҳрезӣ гардида, дар натичаи амалиёти манфиатталабонаи онҳо ҳамасола ҳазорон шаҳрвандони оддӣ ба ҳалокат мерасанд. Яке аз масъалахои ҷиддие, ки имруз ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардааст, проблемаи терроризму экстремизм аст. Ин чараёни хатарзо ба худ хусусияти марзнописанди касб карда, кулли мардуми сайёраро водор мекунад, ки ҷихати пешгирӣ ва кам кардани зарари он андеша намоянд.
Ба ҷавонон зарур аст, ки дар ҳама ҳолат нагузоранд, ки дар Ватани маҳбуби хеш чунин равияҳои бадхоҳ ва ашхоси зархарид таъсири худро расонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба чунин проблемаҳо бетараф буда наметавонад. Бахусус, дар шароите, ки Афғонистон дар ҳоли муташанниҷу бесуботи қарор дорад, ҷомеаи ҷаҳониро вазъият дучанд нигарон мекунад. Яке аз чунин ташкилотҳои экстремистиву террористи ҲНИ мебошад, ки дар соли 2015 дар кишвари азизу маҳбубамон бо роҳи ошуби ҳарбӣ табаддулоти давлатӣ кардан мехост. Бояд гуфт, ки ҲНИ аз ибтидои фаолияташ аз солҳои 90-ум дар талоши ҳокимият бо роҳи табадуллоту зуроварӣ буд.
Ҳамин тарик, имрӯз ки аз зуҳуроти мушкилоти рақами якуми ҷахон терроризм ва экстремизми байналхалкӣ тамоми сайёра дар ташвиш аст, ҷомеаи моро зарур аст, ки барои пешгирӣ ва мубориза алайхи он дастачамъона фаолият барем ва барои ҳифз кардани амнияти миллӣ саъю талош намоем.
Қаюмов Ф.Ғ. – дотсенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ