МАЗҲАБ ВА МИЛЛАТФУРУШӢ – ХИЗМАТИ БУЗУРГИ КАБИРИСТ!
Вақтҳои охир роҳбари фирории ТЭТ ҲНИ Кабирӣ аз хориҷи кишвар истода паиҳам ва бо ҳар роҳу восита ва бо истифода аз гумроҳиву хушбоварии бархе пайравонаш мудом баромадҳо карда, дар ҳаққи Тоҷикистон ва мардуми шарифи он борони туҳмату иғво паҳн мекунад. Мардум кайҳо боз огоҳӣ пайдо кардаанд, ки масалан, ин ҳизби террористии манъшуда бо чандин созмонҳои байналмилалии ифротӣ, аз ҷумла бо “Ихвонулмуслимин” ва ДОИШ, инчунин хадамоти таблиғгари кишвари ба мо “дӯст” дар сарзаминҳои дигари суннимазҳаб алоқаву ҳамкориҳо дошта, мудом дар пайи ангехтани фитнаву муноқиша буда, кӯшиши дар ҷомеаи байналхалқӣ, махсусан дар Аврупо худро бегуноҳ таъқибшуда нишон додан мехоҳад. Бо ин мақсади пурғараз ҳатто шарм надошта, дар муроҷиатномаи махсус мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии соли нави масеҳӣ табрик ҳам карданд, ҳол он ки чанд сол қабл рӯирост истиқболи ин маросими тақвимиро наҳзатиён ҳаром эълом дошта буданд. Ин ки намояндагони ин ҳизби ифротӣ бо ифротитарин созмонҳои давлатҳои дигар равобити мустаҳкам доранд, дигар ҳоҷати сухан ҳам нест.
Бояд таъкид кард, ки аз замони таъсисаш то зуҳури ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва баъдан иштироки фаъоли аъзои он дар табаддулоти соли 2015, инчунин воқеаҳои хатарбори даст доштани ин ташкилоти террористӣ дар ҳалокати сайёҳони хориҷӣ як марҳилаи томи воқеияти таърихии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Ба назар чунин мерасад, ки онҳо дар муборизаи иттилоотӣ бо мардуми шарифи Тоҷикистон танҳо нестанд, созмонҳои тундгаро, гурӯҳҳои бадхоҳ ва иғвоангези «Гурӯҳи 24», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ваҳҳобия», «Салафия» ва амсоли инҳо бо тамоми қувваи бадкориҳо ба сари мардум борони тӯҳмату буҳтон мерезанд. Афсӯс, ки дар баъзе мамолики Ғарб ба ҷонибдорони Кабирӣ ва «Гурӯҳи 24» гӯш медиҳанд, онҳоро дар баъзе маҳфилҳо бологузар намуда, садояшонро пахш мекунанд. Кӯшиши наҳзатиён оид ба таъсис додани як ҷунбиши нав, ҳатто бо аз байн бурдани калимоте, чун «наҳзат» ва «ислом» низ натиҷае ба бор наовард.
Пазируфта шудани Кабирӣ ҳамчун меҳмони воломақом дар кишвари ба мо «дӯст» ва ҷонибдорӣ шудани ӯ аз ҷониби мансабдорони калони ин кишвар, бархилофи он ки ин ҳизб дар Тоҷикистон террористӣ ва экстремистӣ эълон шуд, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳайрат овард. Аслан бигирем, аз ибтидои таъсиси ин ҳизб мардуми Тоҷикистон онро намепазируфтанд, зеро аз таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, ки дар он кишварҳо ҳизбҳои исломӣ мавқеи фаъол доштанд, маълум буд, ки сиёсӣ сохтани дин бо ғаразҳо ҳеҷ гоҳ сулҳу субот ва пешрафт намеорад.
Стратегияи наҳзатиён мувофиқ ба вазъи ҷорӣ хеле тағйир кардааст, натанҳо солҳои пеш, балки имрӯзҳо низ чанде аз масъулини ин ҳизби тахрибкор худро барои ҷомеаи ғарбӣ одамони бегуноҳ ва ҷабру озордида нишон дода, чӣ гуна барои вайрон намудани вазъи осудаи Тоҷикистон, аз нав ба вуҷуд овардани харобкориҳо ҷаҳду талош мекардаанд. Онҳо дар симои кишвари ба мо «дӯст» такягоҳи худро ёфта, имону виҷдон ва ҳамагуна арзишҳои миллиашонро фурӯхтаанд. Бар ивази маблағҳои хоҷагонашон омода ҳастанд, ки ватанашонро ба як ғуломи давлати дигар табдил диҳанд.
Суоле пеш меояд, ки то ба кай Кабириву чанд пайрави гумроҳаш бо паёму баромадҳои ғаразноку фитнаангезаш мардуми Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ба мо дӯстро гӯл мезада бошад? Ҳар коре, ки накунанд, дигар фоидае нахоҳад дошт, чунки мардуми тоҷик ва онҳое, ки бо мо равобити дӯстӣ доранд, аллакай аз нақшаҳои ҳиллагаронаву маккоронаи Кабирӣ огоҳии комил доранд. Ягон хел фитнаву найранг дигар нақше нахоҳад дошт. Мардум мақоле дорад, ки оби рехтаро ҷамъ кардан имкон надорад. ТЭТ ҲНИ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаи сиёҳро мемонад, ин саҳифаи таърих ҳамин тавр сиёҳ мондан мегирад. Аммо зиндагӣ давом дорад, наслҳо иваз мешаванд ва ҳама гуна кору рафтор бо номи худаш мемонад. Хиёнат ислоҳ надорад, мардум инро хуб медонад.
Бобоев А.Х. – мудири кафедраи
ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ