ЗИКРИ ТАРБИЯИ ҶАВОНОН БАР ЗИДДИ ЭКСТРЕМИЗМ
Дар Тоҷикистон чун дигар мамлакатҳои ҷаҳон экстремизм, терроризм ва ҷиноятҳои хусусияти экстремисти дошта зоҳир шуда истодааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон таъкид намудани ин раванди пурхатар чунин изҳор намуд, «Воқеан дини мубини ислом сарчашмаи адаб, махзани бузурги панду насиҳат ва тарғиби некиву накукорист. Бинобар ин ҳар яке мо бояд бо арҷ гузаштанба ин арзишҳо бо илму фарҳанг, ҷавонмардиву саховатмандӣ ва ахлоқи ҳамидаи худ намунаи ибрат бошем, ва барои эъмори як ҷомеаи пешрафтаи солим саъю талош намоем».
Мутаасифона, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҳаргуна террористиву, экистремистӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ҳоло ҳам ба назар мерасад.
Объекти ҳуҷуми агрессии экстремистон ҳамаи соҳаҳои муосири иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ мегарданд, ки аз нуқтаи назари идеологҳои экстремизм онҳо садди роҳи барқарор кардани асосҳои тартиботи нав мебошад.
Мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ба қадри сулҳу салоҳ, осудагии ҷамият ва оромии давлат расида, ба ободониву созандагӣ ва бо тарбияи ҷавонон машғул шавем. Мардуми тоҷик, ҷавонон доимо дар асоси Конститсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, якҷоя, ҳамдилона ба бунёди ҷомеаи якдилу якмаром, давлати мутараққиву бонизом саҳмгузор бошем.
Умарова С.И. – муаллими калони кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақа