ХАЛҚИ ТОҶИК –МАРДУМИ ТАҲҶОИИ ОСИЁИ МИЁНА

Дар ҳамаи давру замонҳо хирад ва ақли созандаи мардуми хайрхоҳу хайрандеш бар торикиву зулмот, бар ҷабру ситам ва бар зидди ҷангу ҷидолҳо ғолиб омадааст. Дар таърихи мавҷудияти худ тоҷикон чун мардуми босабру таҳаммул ҳамеша дар ҳамсоягиву ҳамҷоягии мардуми миллатҳову қавмҳои гуногун зистаанд. Ин дар хуни онҳо ҷорист ва ҳеҷ гоҳ бехираду зулмпарвар набуданд, ҳамеша ақли солим ва зиндагии шоистаро мароми ҳаррӯзаи худ қарор медоданду имрӯз ҳам бо гузашти вақту айём барои рӯзгори шоиста бурдан мекӯшанд.

Мардуми тоҷик халқи таҳҷоии Осиёи Миёна дар ташаккули маданияту фарҳанги дигар халқу миллатҳои ин қитъа саҳми сазовор гузоштаанд. Зеро аз оғоз чун халқи бомаданияту бофарҳанг барои ғасбу тороҷи мардуми ҳамсоя даст назадаанд. Гузаштагони боилму фарҳанги тоҷик ҳамеша ақлу заковати созандаро пойдевори гуфтушунидҳои сулҳхоҳу сулҳофар дониста, бо ҳамсоягонашон дар ҳамзистии орому осуда умр ба сар бурдаанд. Фирдавсии бузург дар достони Фаридун ва писаронаш менигорад, ки инсони соҳибақл ҳамеша бо ҳамсоягон дар оромиву осудагӣ бояд умр ба сар барад.

Воқеаҳои имрӯз, ки дар марзи ду кишвар Қирғизистону Тоҷикистон ба амал омада истодааст, моро ҳушдор месозад, ки ба асолат ва рисолати инсон будан бештар аҳамият диҳем, зеро инсон танҳо дар дӯстиву рафоқат рушд меёбад. Ҳеҷ гоҳ ҷангу ҷидол барои ҳалли ягон масъала созгор набуду нест.

Мо боварӣ дорем, ки ҳар ду халқи ҳамсоя нисбати муносибатҳои деринаи худ фикру ақидаи солимро пеша месозанд, зеро мардуми ҳамсояи қирғиз низ ниёз ба тоҷикони ҳамсарҳад доранд, рафту омаду дӯстии чандсолаи хешро ҳеҷ гоҳ бар манфиати гурӯҳҳои худхоҳ раво нахоҳанд дошт. Танҳо дар дӯстиву ҳамдилӣ метавон пеш рафту рушд кард. Ҷанг ин бадбахтии омма ва мардуми оддӣ аст, ки ягон манфиате нахоҳад овард. Мо ба ақли созандаву хиради комили мардуми тоҷику қирғиз бовар дорем.

 

Раҳматова Д.А. – дотсенти кафедраи кафедраи забони тољикии ДДҲБСТ

You might also like