БИГЗОР, ФАЗОИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗАМОН ТАНИНАНДОЗ БОШАД!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ қайд намуданд, ки мардуми Тоҷикистон равшан дарк намудаанд, ки танхо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандустона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу пешрафта мубаддали гардонад ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ТЭТ ҲНИ) соли 1990 дар Тоҷикистон ташкил шудааст (дар баъзе маводҳо, 26 октябри соли 1991 таъсис ва дар моҳи декабри ҳамон сол расман сабти ном шуд). Аммо аз сабаби надоштани нақшаи номуайян ва мақсадҳои гаразноки худ, ақидаҳои бемақсад, фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънии аз ҷониби Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 29-уми сентябри 2015 Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИ), ки ягона ҳизби динӣ дар минтақаи Осиёи Миёнаро созмони террористӣ эълон намуда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.
Ин ҳизб манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халқ, аз ҳама муҳимаш тинҷу амонӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёри азизи худро ба назар нагирифта, бо мақсади амалӣ намудани максадҳои нопокаш аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурда истодааст.
Имрӯз, ки мо дар асри нав, асри илму маърифат монанди сурати кайҳони пеш рафта истодаем, асре, ки мардуми соҳибмаърифату донишманд ба пешрафтҳои нанотехнологӣ расиданду тамоми қабатҳои замину осмонро, илман мекушоянду фатҳ кардан доранд, хамаи ин дуруғу, финтнагариҳои ҲНИТ-ро хуб дарк карда истодаанд, намегузоранд, ба давлати ҷавони сисолаи мо осебе расад.
Хушбахтона, пеши роҳи амалҳои ғайриинсонии ҲНИ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирифта шуда, бар зидди гурӯҳҳои ифротгаро ва хусусияти террористидошта муборизаи беамон ба роҳ монда шудааст.
Мо, устодони ДДҲБСТ кӯшиш менамоем, ки ҷавонон ҳамқадами замона буда, аз дастовардҳои илмию мехникӣ огоҳ бошанд ва ҷаҳонбинии хешро дар ин замина такмил дода, ба дурӯғу иғвогариҳои ҳар гуна гурӯҳҳо эътибор надода, зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳанд.
Бигзор Точикистони азизамон гул-гул шукуфат, осмонаш ҳамеша беғубор бошаду сулҳу ваҳдат танинандоз бошад.
Атоева М.М., номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони русии ДДҲБСТ