ҶАҲОНИШАВӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН
Дар тӯли қарнҳо абармардони миллат бо ҳар роҳу восита ҳувияти миллиро тарғиб мекарданду тавассути он рӯҳи халқро таҳким мебахшиданд. Вале ифшои ғояи миллӣ дар он давру замон коре сахт мушкил буд, зеро худшиносии миллӣ аз давлатдории миллӣ сарчашма мегирад ва дар оғӯши он нумӯъ мекунад. Танҳо баъди ҳазор соли суқути Сомониён, ки истеҳкоми воқеии ҳувияту худшиносии миллати мо буданд, бо таъсиси давлати нави миллиамон дар оғози асри пурталотуми бист ин кор боз рангу бӯ пайдо кард. Дар ин самт талошҳои устод Айнӣ бебаҳсу беназиранд. Ҷонфишониҳои фарзандони бузурги халқамон Нусратулло Махсуму Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамсафу ҳаммаслаконашон далели равшани садоқат ба ин ормони ҷовидонаи миллат буд. Баъдан аллома Бобоҷон Ғафуров ҳамчун олими жарфнигару сиёсатмадори дурандеш, махсусан бо китоби бемонанди «Тоҷикон», устод Мирзо Турсунзода бо фаъолияти густурдаи адабиву ҷамъиятӣ, устод Сотим Улуғзода бо умқи осори таърихиву ватандӯстӣ, ходимони барҷастаи илму адабу фарҳанг бо осори мондагори ҳувиятбахшояшон ба ин раванд такони ҷиддӣ бахшиданд. Метавон гуфт, ки дар охирин солҳои шӯравӣ ин падида хоси ҷомеаи мо шуда буд ва зуҳуроти миллатдӯстиву ватанхоҳии воқеӣ кам ба назар намерасид.
Бо вуҷуди ин, танҳо Истиқлолияти давлатӣ шароити таърихӣ ба вуҷуд овард, ки ғояи худшиносии миллӣ ба сатҳи сиёсати давлатӣ бароварда шавад. Сарвари давлати нави тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ _ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худ шахсест бисёр миллӣ ва ба масоили худшиносиву худогоҳӣ басо ҳассос, бо ҳама иқдоми хеш сабақе аз ҳувияту бедории миллӣ медиҳад ва бозгӯ мекунад, ки дар ҷаҳони печидаи имрӯз танҳо арзишҳои бузурги миллианд чун ваҳдат, симои хоси ахлоқиву маънавӣ, донишандӯзӣ, соҳибҳунарӣ, ки миллатро барҷову пойдор нигоҳ медоранд. Дар 30-соли даврони Истиқлолияти давлатӣ насли нави фарзандони халқамон ба камол расид, ки дар муҳити тафаккуру андешаи миллӣ арзишҳову муқаддасоти замони навро бо шири модар пазируфт. Имрӯз, ҳар боре, ки дар ягон гӯшаи олам бо баҳонаи масарратбахшое Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд мешавад, вуҷудҳо аз фараҳ лабрез мегарданду дар чашмони хурду бузург ашки шодиву сарафрозӣ ҷило медиҳад.
«Ватани мо сарзамини эҷодкорони оламшумул мебошад» – ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тинату моҳияти миллати маънавии моро муайян мекунад ва ба уҳдаи эҷодкорони имрӯз вазифаву масъулиятҳои бузурге вомегузорад. Мо, албатта, аз ин ифтихор мекунем ва ба ин ҳақ дорем, лекин, агар бо гузашта танҳо бинозему худ кори арзишманде накунем, шабеҳи товусе хоҳем шуд, ки масти тамошои думи хеш оламро фаромӯш мекунад. Тавре ки Пешвои миллат таъкид мекнанд «Мо бояд ворисони арзандаи аҷдоди бузурги худ бошем». Вақте ки адибони баркамоламон бо ҷавонон дар бораи худшиносии миллӣ ҳарф мезананд, ин фикрро ҳамеша талқин менамоянд. Ҳамзамон дар ёд бояд дошт, ки худшиносии миллӣ ифтихори миллиро мепарварад, вале ифтихори миллӣ ва кибру ғурур тавъам нестанд. Ҷавонон бояд забони модариро дӯст бидоранд, анъанаҳои миллиро фаромӯш насозанд, таърихи халқи худро бидонанд, вале, дар баробари ин, ба арзишҳои умумибашарӣ низ арҷ гузоранд. Ғояи худшиносиву худогоҳӣ моро водор месозад, ки чеҳраи миллӣ, расму русум ва одобу фарҳанги халқи худро ба таври шоиста ба оламиён муаррифӣ намоем ва аз ҷаҳони бози имрӯз барои фардои хеш сабақҳои арзанда гирем.
Шеър дар зиндагии миллати мо мавқеи ҷудогона дошта, яке аз василаҳои озмудаву муассири тарбияи ҷавонон низ ба шумор меояд. Устод Муъмин Қаноат дар шеъру достонҳои худ мавзӯи худшиносии миллиро бисёр амиқу дақиқ таҳлилу баррасӣ карда, ҳунармандона ба хонанда пешниҳод намудааст ва ҷавонон бо мутолиаи онҳо ба таърих ва худшиносии миллӣ сахт алоқа пайдо хоҳанд кард. Ӯ аз он шоирони нодир аст, ки ағлаби мавзуъҳои миллиро дар адабиёт асос гузоштааст ва шоирони дигар он мавзуъҳоро бештар шарҳ додаву густуронидаанд. Аз ҷумла, ба мавзӯи забон, ки ҳувияти миллии мост, бори аввал рӯй овард ва ин мавзӯъ, ки ҷузъи худшиносии миллист, дар шеъри шоирони дигар вусъат пайдо намуд.
Устодон Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар Келдӣ, Гулрухсор Сафӣ ҳамвора дар шеърҳои худ масоили миллӣ ва худшиносии миллиро тадқиқу тасвир кардаанд. Орзуи ҳамешагии ин шоирони барӯманд миллати озоду сарбаланд ва озодаву огоҳ мебошад.
Дар эҷодиёти шоирон Камол Насрулло, Ҳақназар Ғоиб, Муҳаммад Ғоиб, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Аскар Ҳаким, Фарзона, Рустами Ваҳҳоб, Алимуҳаммад Муродӣ, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Муҳтарам Ҳотам, Ато Мирхоҷа, Раънои Мубориз, Шаҳрия, Озар, Озарахш ҷанбаи хештаншиносӣ ва огоҳии миллӣ бо ҳар роҳу восита тасаллут дорад. Ин анъанаро ҷавонони насли замони Истиқлолият Толиби Луқмон, Муҳриддин Сабурӣ, Баҳром Раҳматзод, Насимбек Қурбонзода, Бобаки Суғдӣ, Бузургмеҳри Баҳодур, Эҳсон Раҷабӣ, Мафтунаи Қосим, Бузургмеҳри Ҳаким, Бузургмеҳри Тоҷиддин, Шаҳриёр Олимӣ, ки дар ҷодаи шеър бомуваффақият қадам мегузоранд. давом медиҳанд.
Агарчи мафҳумҳои «хештаншиносӣ», ё «худшиносии миллӣ» барои бачаҳо, махсусан, ҷавонон шиносанд, вале чандон фаҳмо ва қобили дарк нестанд, зеро фаҳму даркашон донишу таҷриба тақозо менамояд.
Аз шарофати Истиқлолияти давлатӣ робитаҳои адабӣ миёни кишварҳо бо рангу тобиши нав ҷилва кард, сафарҳои зиёди адибон ба хориҷаи дуру наздик сурат гирифтанд. Ин сафарҳо натанҳо боиси мулоқотҳо бо ҷавонони тоҷик, ки дар он кишварҳо кору зиндагӣ мекунанд, суҳбатҳо перомуни худшиносии миллии насли нави миллат гардиданд, балки ҳамзамон заминаи пайдоиши асарҳои шоистаи аслӣ ва тарҷумавӣ шуданд. Хулоса, адибони тоҷик дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ, ки дар баробари таъсири мусбат ба зеҳни ҷавонон таъсири манфӣ низ дорад, рисолати хешро ба хубӣ дарк намуда, асарҳои саршор аз ғояҳои худшиносии миллӣ, ватандӯстию инсонпарварӣ, ифтихор аз ниёгон, забону таърих ва фарҳанги миллӣ эҷод мекунанд. Навбат аз ҷавонони гиромист, ки ба ин ганҷина рӯ биёранд, тибқи завқу ниёзи хеш интихоб кунанд ва ба умқи афкору эҳсос фурӯ раванд.
Мирзоҷонова М.Қ. – мудири кафедраи забони англисии ДДҲБСТ