ИЗҲОРОТ ОИД БА «НИГОҲДОРИИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР МАМЛАКАТ»
Кулли устодони кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ аз дастовардҳои давлати азизамон – Тоҷикистон ифтихор намуда, арзишҳои мавҷударо маҳсули меҳнати фарзандони гузаштаву имрўза ва роҳбарияти давлату ҳукумат медонанд. Яке аз арзишҳои гаронбаҳо, ки бо ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи кишвар ба даст омадааст ин сулҳу субот мебошад. Аз ин лиҳоз, аҳли устодони кафедраи молия ва қарз аз кулли сокинони мамлакат даъват ба амал меоранд, ки дар нигоҳдории сулҳу субот дар кишвар бетараф набошанд. Зеро дар баъзе манотиқи кишвар рўзҳои охир ҳодисаҳое рух доданд, ки оромӣ ва сулҳу суботро халалдор менамоянд. Хусусан он нафароне, ки худро чун лидери ғайрирасмӣ эълон намуда, дар суботи ҷомеа халалҳо эҷод менамоянд ва рукнҳои давлати ҳуқуқбунёдро нодида мегиранд хеле таассуфовар аст. Бояд баён намуд, ки дар рафтору амали ин лидерони ғайрирасмӣ сулҳу субот ҳеҷ арзише надорад.
Барои расидан ба кулли ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти рушди иҷтимоию иқтисодӣ бояд пеш аз ҳама сулҳу субот мавҷуд бошад.
Хушбахтона айни ҳол дар мамлакати азизамон сулҳу субот хукмфармо мебошад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки шароит барои рушди устувори иқтисодӣ мавҷуд буда, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ имконпазир мебошанд.
Гуфтан зарур аст, ки тадриҷан суръати рушди иқтисодиёти миллӣ афзоиш ёфта, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ба мусбат рушд мекунад. Сатҳи некуавҳолии аҳолӣ низ рў ба инкишофёбӣ доранд. Мутобиқи таҳлилҳо дар ояндаи наздик таъмини шуғли пурмаҳсул низ имконпазир мебошад. Ҳоло дар кишвар стратегияи рушди босуръати саноат дар мамлакат татбиқ гардида, корҳои ободонӣ дар сатҳи баланд амалӣ шуда истодаанд.
Вазъи иҷтимоию иқтисодӣ рушд ёфта, инфрасохтори дорои аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ вусъат ёфта истодаанд.
Аз лиҳози гуфтаҳои боло бояд дуруст дарк намоем, ки ин арзишҳо дарстовардҳои беназир натиҷаи сулҳ ва оромӣ дар Тоҷикистони азиз мебошанд.
Устодони кафедраи молия ва қарз аз кулли сокионони кишвари азизамон даъват менамоянд, ки ба нигоҳдории сулҳу салоҳ дар мамлакат хеле масъулиятшинос бошанд. Ба ҳама даъватҳо ва рафторҳои ғайриқонунӣ, ки зидди эъмори давлату давлатдорӣ аст эътирози қатъӣ диҳанд! Бетараф набошанд ва арзишҳои мавҷуда, хосатан сулҳу салоҳро қадр намоянд!
Аҳли устодони кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ