ИФРОТИЁН ЗЕРИ НИҚОБИ ИСЛОМ

Сенарияи нави наҳзатиён, ки имрўз ба номи исломҳаросӣ гўё дар Тоҷикистон мавриди амал уфтода бошад, ки мухолифин мехоҳад аз он натиҷае дарёфт намояд. Ба андешаи наҳзатиён гўё дар Тоҷикистон исломҳаросӣ рўи кор омада бошад. Онҳо мехоҳанд, ки бори дигар мардумро гумроҳ намуда, бо ҳар баҳонаву бўҳтон обрўву эътибори ҳукумати қонуниро паст намоянд. Имрўз дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои исломӣ обрўву эътибори ислом баланд буда, мардуми шарифи кишвар бе ягон мамониат, тарсу ҳарос дар тамоми масҷидҳо адои намоз менамоянд. Дар раванди намозгузорӣ аз тарафи мардум ҳеҷ як манъу маҳдудият ба назар намерасад. Мардум озодона бо хоҳиши худ рукнҳои исломро баҷо меоранд. Он имомхатибҳое, ки саводи кофӣ доранд, аз дини мубини ислом ба пуррагӣ бохабар ҳастанд дар тамоми мсинтақаҳои кишварамон ин фаъолиятро озодона амалӣ намуда истодаанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки ҳеҷ як рўҳонӣ ё намояндаи ягон масоҷид дар кишвар дарборӣ нестанд ва минбарҳои масоҷид дар ихтиёри афроди бесавод қарор надоранд, балки онҳо шахсони босаводе ҳастанд, ки донишгоҳҳои исломиро хатм намудаан ва талқиндиҳандаи дини мубини ислом дар минтақаҳои Тоҷикистон мебошанд.

Шахсоне, ки берун аз марзи кишвар арзи ҳастӣ доранду гўё чунин мепиндоранд, ки масоҷидҳо дар Тоҷикистон ба тафреҳгоҳу варзишгоҳ табдил шуда бошад, вале дар асл чунин набуда, ин гуфтаҳои беасос хатои маҳз аз ҷониби онҳост. Бо ибтикор ва дастгирии роҳбарияти олии кишвар, ки худ аз дини мубини ислом ба пуррагӣ бохабар ҳастанду шахси худогоҳу меҳанпараст мебошанд ба наздикӣ дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе масҷиди чомеъ, ки мислаш дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нест, зиёда аз 30 гектар ҳудудро фаро мегирад, сохта мавриди истифода қарор дода шудааст. Магар ин ҷонфидоӣ дар ҳаққи дини мубини ислом нест? Баъди ин гуфтаҳо мухолифинро, ки бо гуноҳҳои нобахшиданиашон берун аз марзи кишвар ба бо бўҳтону ҳарзаҳои худ давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва миллати кўҳанбунёди тоҷикро доѓдор карданӣ ҳастанд омада бо чашмони худ бубинанд, ки ислом чисту исломҳаросӣ дар куҷост. Наҳзатиёнро зарур аст, ин падидаҳое, ки дар ҳаққи дини мубини ислом дар Тоҷикистон шуда истодааст, бо чашмони дигарон бубинанд. Дар баъзе аз навиштаҷот аз тарафи наҳзатиён гўё дарҳои масоҷид барои муллоён ва рўҳониён баста бошад ва онҳо дар зери таҳдид қарор дошта бошанд, вале дар асл шумораи масоҷидҳо дар Тоҷикистон зиёда аз чор ҳазор буда, макотибҳои миёнаи таълимӣ бошад аз шумораи масҷидҳо камтар мебошанд. Оё ин аломати исломҳаросист?

 

Мирзоев А.Н. – сармуаллими кафедраи хадамоти гумрукии ДДҲБСТ

You might also like