ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАР БА ҶАҲОНИ МУОСИР

Имрўз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини поки Ислом сўйи истифода намуда даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд.

Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолиятӣ бо дин рўйпўшкардашудае аст, ки бо зўран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки дар асл дини мубини Ислом инро намехоҳад.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.

Хулосаи матлаб ин ки ба мо ҳамагон лозим аст, кушиш ба харҷ диҳем, фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа билхусус ҷавононамон фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кур-курона дунболи гурўҳҳои ифротӣ нараванд. Вазъияти фазои динии ватанамон ба ба ҳамагон маълум, ки давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама мусулмон буда, ба муқаддасоти динӣ ва дастуроти шариати Ислом эҳтиром мегузоранд.

Бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон китобҳои фаровони динӣ ба забони тоҷикӣ ва хати кириллӣ тарҷума шуда, дар дастраси мардуми мусулмони кишвар қарор дода шуд.
Имрўз, дар раванди ҷаҳонишавӣ муқобила ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегона бидуни мавҷудияти ақидаи устувор ва мантиқан пурзўр дар кадом соҳае, ки набошад, ғайриимкон аст.

Бинобар ин, ягона роҳ барои хунсо намудани зуҳури ҳар гуна гурўҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ, махсусан дар заминаи ақидаҳои динӣ, пеш аз ҳама, мусоидат ба боло бурдани сатҳи донишҳои дунявию илмӣ ва ҳамчунин донишҳои динӣ дар чаҳорчўбаи мазҳаби суннатии мо-ҳанафия мебошад. Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандўсту ватанпарвар, миллатдўсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурўҳҳои манфиатиие, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд.

Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Бо боварии комил аз минбари баланд гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, на танҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд.

Ҳаминро бояд зикр кард, ки вобаста он гурӯҳҳои манфиатҷӯӣ ифротӣ оид ба расидан ба ҳадафҳои нопоку хоинонаашон вақтҳои охир тафрика дар сомонаҳои иҷтимоӣ бештар мебаранд ва ҳеҷ як шаҳрванди бонангу номусу ватандӯст намехоҳад чун мисли давлати ҳамсоядӯсти мо Қазоқистон зарар ба зуди халқи оди ва ҳукумату давлат расида бошад.

Маҳз таъсири ҳамин гурӯҳҳои ифротӣ буд, ки чунин ҳодисаҳо рух дода истодаанд. Чандест, ки хоинони миллати тоҷик Муҳаммадиқболи Садриддин, Муҳиддин Кабирӣ, Гуруӯҳи-24 ба дигар касоне нисбати халалдор сохтани ҷомеаи тенҷу ороми мо ва махсусан гумроҳ сохтани ҷавонони ноогоҳ кушиш намуда истодаанд. Ҳар як соҳибватан бояд зиракии сиëсии худро аз даст надода бояд баҳри решакан кардани тухми ин душманону хоинони миллӣ мубориза бурд.

 

Туразода Ҷ. А. – дотсенти кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

You might also like