ПАЁМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РАҲНАМО ДАР САМТИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚОВОРӢ
Дар шароити муосир яке аз вазифаи муҳими давлат дар назди ҷомеа таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад. Зеро озуқаворӣ яке аз таркибдиҳандаи муҳим дар таъмини зиндагонии аҳолии мамлакат буда, кафили бехатарӣ ва истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Мусаллам аст, ки масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ дар кулли мамлакатҳои ҷаҳон, аз он ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ба афзоиши аҳолӣ ва дар ин васила зиёд шудани талабот ба маҳсулоти озуқаворӣ мубрамият пайдо менамояд. Бо дарки саривақтии масъалаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло соли 2008 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкад ба амал оварданд: «…дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир болоравии нархи маҳсулоти нафту газ, маводи ғизоӣ ва ҳодисаҳои экологию техногенӣ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварамон таъсири манфӣ расонида, моро водор месозанд, ки дар хусуси ҳарчи зудтар амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии худ – таъмин кардани истиқлолияти энергетикии мамлакат, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани он ва таъмини амнияти озуқавории кишварамон тадбирҳои иловагии фаврӣ андешем». Инчунин дар Паёми мазкури хеш оид ба аҳамияти соҳаи кишоварзии мамлакат дар таъмини амнияти озуқаворӣ чунин таъкид намуданд: Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин ва баланд бардоштани ҳосилнокии он дар ин самт аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи мо ба ҳисоб мераванд.
Қабул ва татбиқи дурусти барномаҳои давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқавории кишвар ва доир ба рушди содироти меваю сабзавот барои давраи то соли 2015-ум имкон медиҳад, ки ҳолати истифодаи замин беҳтар гардонида, дар сурати истифодаи ғайримақсадноки он чораҳои қатъӣ андешида шаванд.
Дар шароити баланд рафтани нархҳои ҷаҳонии маводи ғизоӣ, бахусус орду гандум самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин вазифаи ҷонии кишоварзон аст.
Ба ибораи дигар, мо амнияти озуқавории кишварро танҳо дар сурате таъмин карда метавонем, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии худиро ҳарчи бештар афзоиш дода, аз маводи ғизоии воридотӣ камтар вобаста бошем.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакт аз 20.04.2012 Пешвои миллат доир ба масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ чунин таъкид ба амал оварданд: «Барои таъмини амнияти озуқавории кишвар татбиқи чорабиниҳои мушаххас доир ба истифодаи оқилонаи обу замин, баланд бардоштани ҳосилнокии он, аз заминҳои обӣ гирифтани ду-се ҳосил, инчунин ҷорӣ намудани шаклҳои муосири ташкиливу ҳуқуқии хоҷагидорӣ зарур аст.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз он вобастагӣ дорад, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва азхудкунии заминҳои нав мебошад».
Соли 2015 ҳангоми ироаи Паёми хеш Пешвои миллат оид ба масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар чунин иброз намуда буданд: «Яъне вобаста ба таъмини амнияти озуқавории кишвар мо бояд кӯшиш кунем, ки дар солҳои наздиктарин талаботи мамлакатро ба аксарияти молҳои озуқаворӣ тавассути афзоиш додани истеҳсоли дохилӣ қонеъ намоем.
Ҳамзамон бо ин, бо мақсади ҷорӣ намудани дастгирии давлатии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва дар ин замина афзоиш додани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки барои таъмини эҳтиёҷоти ҳамаи соҳаҳои аз буҷет маблағгузоришаванда доир ба ҷойгир намудани фармоишҳои давлатӣ дар корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, тадбирҳои мушаххас андешад».
Ҳукумати кишвар вазифадор карда мешавад, ки бо дарназардошти талаботи воқеии аҳолии мамлакат ба маводи озуқа ва дастрасии сокинон ба ғизои хушсифат барномаи нави давлатии амнияти озуқавориро таҳия ва татбиқ созад.
Соли 2017 таъкиди Пешвои миллат ҷиҳати дастрасии сокинони мамлакат ба ѓизои хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза чунин буд: «Ҳукумати кишвар вазифадор карда мешавад, ки бо дарназардошти талаботи воқеии аҳолии мамлакат ба маводи озуқа ва дастрасии сокинон ба ғизои хушсифат барномаи нави давлатии амнияти озуқавориро таҳия ва татбиқ созад».
Бо назардошти баланд шудани суръати таѓйирёбии шароити иқтисодиёти ҷаҳон ва таъсири он ба вазъи иқтисодиёти миллӣ, аз он ҷумла ба сатҳи таъмини амнияти озуқаворӣ, Пешвои миллат дар Паёми худ аз 26.01.2021 чунин иброз намуданд: «Яъне дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир мо бояд, қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя карда, барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳам бештар талош намоем».
Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии аз 21.12.2021 талошҳои Ҳукумати мамлакатро дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ саривақтӣ ва оқилона шуморида ислоҳоти дар ин самт гузаронидашударо баланд арзёбӣ намуданд. Аз ҷумла чунин чунин қайд карда шуд: «Ҳамчунин, дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он – деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад».
Бояд қайд намуд, ки баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар мамлакат тўли солҳои 1991-1998 хеле бад буд. Дар чунин шароити хеле вазнин бо тшаббуси бевоситаи Пешвои миллат 75 ҳазор гектар замин ҳамчун заминҳои президентӣ ба аҳолии мамлакт ҷиҳати таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ тақсим карда шуд. Илова бар ин, дар бист соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ба шаҳрвандони ниёздошта ҷудо карда дода шудааст. Инчунин бояд қайд намуд, ки бо мақсади таъмин намудани пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва буҷети давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 12 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегӣ ҳамеша дар мадди назари сарвари оқили Ҳукумати мамлакат – Пешвои муаззами миллат қарор дорад. Бояд иброз намуд, ки Паёмҳои Пешвои миллат дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ раҳнамои асосӣ ба ҳисоб меравад. Кулли барномаҳо ва стратегияҳои дар ин самт коркард ва татбиқшванда аз Паёмҳои Пешвои муаззами миллат манша мегиранд. Кулли вазоратҳо, мақомот ва идораҳои давлатии дар таъмини амнияти озуқаворӣ масъулиятдошта бояд нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро дар самти мазкур зимни таҳияи барномаҳои дахлдор ҳамчун сармашқи кори худ қарор медиҳанд.
Темиров К. О. – н.и.и., муаллими калони кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ