ҶАВОНОН НЕРӮИ ПЕШБАРАНДАИ ҲАЁТИ ҶОМЕА

Ба туфайли сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар кишварамон  баҳри баланд бардоштани ҳисси  ватандустӣ  ва  сатҳи худшиносию  худогоҳии ҷавонон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Дарки арзишҳои фарҳангию маънавии миллӣ, моҳияти истиқлолияти давлатӣ, муқаддасоти давлатӣ, забони модарӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва огоҳии онҳо аз таъриху фарҳанги миллат ҳадафҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар таълиму тарбияи ҷавонон мебошад.

Ҷавонон қувваи бузурги пешбарандаи ҷомеа ҳастанд, ки дар ҳамоҳангсозӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ  метавонанд  дар  ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, тарғиботию  ташвиқотӣ ва пешгирии падидаҳои хавфнок ҳиссагузор бошанд.

Чӣ хеле ҳодисаҳои дар Белоруссия, Украина, Қазоқистон рухдода нишон медиҳанд  дар ҷомеаи муосир неру ва омилҳое вуҷуд доранд, ки ҷавонон ва наврасонро ба гумроҳӣ бурда,  ба бетартибҳои оммавӣ ва кирдорҳои хавфнок  моил  мекунанд.  Қувваҳои моҷароҷў   бо ёрии  расонаҳои иҷтимоӣ аз хориҷи кишвар бо баҳонаҳои ночиз, бесос  ҷиҳатҳои осебпазирри ҳаёти ҷомеаро истифода намуда, ҷавононро ба вайрон кардани ҳаёти осоиштаи мардуми  кишвар роҳандозӣ мекунанд. Мутаасифона қувваҳои муайяни давлатҳои Ғарб баҳри коҳиш додани  муттаҳидии давлатҳои ИДМ ва давлатҳои минтақаи Осиёи Миёна  чунин ақидаҳои ғалат ва иғвоангезро  паҳн карда истодаанд, ки гуё ифротгароӣ хоси табиати дини Ислом бошад. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки дини мубини Ислом монанди арзишҳои  ҳамаи динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна бадбинӣ, зуроварӣ ва кушторро  маҳкум месозад. Бинобар ин, терроризм ва ифротгароиро бо дини Ислом пайванд додан на танҳо  иғвогарӣ, балки ба яке аз воситаҳои бедор кардани ҳисси бадбинӣ ва ғаразнок табдил дода шуда истодааст. Терроризм ва ифродгароӣ аслан ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нестанд.

Ҳола баҳри бартараф ва пешгирӣ кардани  чунин таъсиррасониҳо ба шуури ҷавонон  таваҷҷўҳи созмонҳои ҷавонон ба ҷалби нерўи пешбарандаи ҷомеа ба ҳушёрии сиёсӣ, корҳои созандагию  бунёкорӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, хайрия ва эҳсонкорӣ  ҷалб карда шавад. Ҷавонон бояд ғояҳои ватандустӣ, инсондўстӣ ва эҳсонкориву муттаҳидиро дар амал ҷорӣ карда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва мақомоти  худидоракунии  маҳаллӣ  дар самти пешгирии ифротгароӣ, хусумат ва бадбинӣ, коррупсия ва падидаҳои дигари хавфнок фаъолияти худро бояд густариш бахшанд. Фаъолият ва ташаббускории онҳо бояд ба манфиати ҷомеа мувофиқат намуда, зидди ҳама гуна  зуҳуроти тундгароӣ ва  ҷудоиандозӣ бошад.

Баробари қабул шудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷавонон ва сиёсати  давлатии ҷавонон дар таҳрири нав  бояд ба рушду ривоҷи  сохторҳои ҷавонон ва самаранокии фаъолияти онҳо дар амалӣ шудани сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии иқтисодиву иҷтимоии ҷавонон  эътибор  додан  зарур аст. То имруз дар баъзе аз воҳиду сохторҳои гуногуни давлатию ғайридавлатӣ  нафарони тасодуфӣ ишғоли вазифа ва фаъолият мекунанд, ки  ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро пайваста поймол мекунанд, ба баланд шудани сатҳи маърифатнокӣ ва пешрафти ҷавонон халал мерасонанд ва дар интиҳо норозигии мардум  ва муҳити нобоварию нооромро барпо мекунанд. Созмони ҷавонон дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо назорати ҷамъиятиро нисбати фаъолияти мақомоти давлатӣ ва худидоракунӣ ба роҳ монда, манбаи ҷиҳатҳои осебпазир, вайрон карда шудани  қонунро муайян ва баҳри бартараф намудани онҳо мусоидат менамоянд.

Таҳкими пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ аз ҷавонон поквиҷдонӣ  ва  масъулияти бузургро тақозо намуда, ҳар нафарро вазифадор месозад, ки ба хотири тақвияти истиқлолияти давлатӣ, афзун намудани дастовардҳои миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ, бидуни зоҳирпарастӣ ва худнамоишдиҳӣ кўшишу талоши пайваста дошта бошанд.

 

Раҳматулоев А.Э. – профессори кафедраи

 ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории

ДДҲБСТ

You might also like