ДАЪВАТИ СОКИНОН БА НИГОҲДОРИИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР КИШВАР ВА РОҲ НАДОДАН БА ТАШКИЛИ ГИРДИҲАМОИҲОИ ҒАЙРИҚОНУНӢ

Тавре аз расонаҳои расмӣ маълум аст, дар санаи 02.01.2022 с. дар Ҷумҳурии Қазоқистон гўё бинобар баланд гардидани нархи сўзишворӣ як қатор гурўҳ норозигӣ баён намуда, гирдиҳаммоӣ ташкил карда ва аҳолиро ба он даъват намудаанд. Мутаасифона, ба ин баҳонаҷўи гурўҳҳои экстримистӣ-террористӣ аз ҳолати бавуқўъомада истифода бурда, дар шаҳри Алма-Ато собиқ маркизи Ҷумҳурии Қазоқистон бетартибиҳо, ғоратгарӣ, тороҷу хороҷи биноҳои мақомотҳои давлатию, тиҷоратӣ ва шахсӣ, ба замми он ба куштори кормандони мақомоти ҳифзи уқуқ даст задаанд. Дар баробари ин ба иқтисодиёти мамлакат миллионҳо доллари Амрикоӣ зарар овардаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин ҳолати ногувор нигоҳ накарда ҳамчун аъзои ОДКБ дар баробари дикар кишварҳои Руссия, Арманистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон аввалин шуда ҷиҳати таъмин кардани оромию осоҳиштагӣ, ҳифзи аҳолӣ аз ҳуҷуми гурўҳҳои таррористию экстримисӣ, пешгирии батартибиҳо дар шаҳрҳои ҷумҳури мазкур дасти ёрӣ дода як гурўҳ афсарони махсуси омодакардашударо фиристонид, ки онҳо аз чунин вазифаи гузошта шуда бомуваффақият баромаданд.

Тоҷикистон айнан чунин ҳолатро солҳои 1990-1995 бо мушкилӣ аз сар гузаронидааст, ки дар ҳамон давра низ ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонида ҳазорҳо нафар куштор, бенишон гум ва раҳгумзадаанд. То ҳол оилаҳое ҳастанд, ки аъзоёни оилаашон беному нишон мебошанд ва ҳолати онҳо маълум нест.

Хушбахтона Ҷумҳурии Қазоқистон бо тезӣ чунин ҳолатро пешгирӣ намуда ва нагузошт, ки чун Тоҷикистон ба чунин мушкилиҳо дучор гардад.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми кишварамон бояд зирракиро аз даст надода, нагузорем, ки ҳаргуна гурўҳҳои экстримистию террористӣ низ дар кишварамон ҳолати оромию осоиштагии мардуми тоҷикро нором кунанду боз таърихи 30 солаи пешнинаро такрор намоянд.

Айни ҳол, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди пешгирии чунин ҳолатҳо дар байни ҷавонон ва мардум, корхонаҳою муассисаҳои кишварамон ҳаргуна вохўриҳо ташкил ва баргузор намуда, воқеъияти аслии ҳолро баён намуда истодаанд, то ки ба ҳаргуна ахборотҳои бардурўғи паҳннамудаи гурўҳҳои ифротӣ боварӣ ҳис накунанд ва раҳгум назананд. Инчунин, барои ғайриқонунӣ ташкил ва баргузор намудани гирдиҳаммоӣ тибқи қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар ин асос, бояд сокинонро ба нигаҳдории сулҳу субот дар кишварамон даъват намуда, барои ташкили гирдиҳаммоиҳои ғайриқонунӣ роҳ надиҳем.

Орипов А.А.-декани факултети баҳисобгирӣ ва андози ДДҲБСТ

You might also like