ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАР БА ҶОМЕА
Дар марҳилаи имрўза терроризм ва экстремизм ба яке аз муаммоҳои ҷаҳонӣ табдил ёфта, ба тамоми давлатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ таҳдид намуда истодааст.
Мақсади гурўҳҳои террористӣ ба вуҷуд овардани тарсу ҳарос ва ташкил намудани амалҳои харобиовар мебошад.
Бояд қайд кард, ки гурўҳҳои террористӣ бо роҳи гуногун аз ҷонибӣ ташкилоту давлатҳои ҷаҳони муосир дастгирӣ карда мешавад, ки чунин муносибату сиёсат пеши роҳи муборизаро бар зидди терроризм гирифта наметавонад.
Воқенаҳое, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон санаи 2 январи соли равон рух дода, бори дигар инро равшан нишон дод.
Дар якчанд шаҳрҳои Қазоқистон якчанд гурўҳҳои террористӣ аҳолии маҳаллиро бо баҳонаи қимматшавии нархи газ ба митингу намоишҳо ҷалаб намуданд.
Чунин ҳодиса ба ҳокимияти қонунии Қазоқистон хатари ҷиддиро ба миён овард.
Танҳо дар натиҷаи ба Қазоқистон ворид намудани қувваҳои давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъи пеши табадуллот гирифта шуд ва нақшаи гурўҳи террористӣ барҳам дода шуд.
Ин ҳодиса бори дигар собит месозад, ки бар зидди терроризм ва экстермизм бояд тамоми давлатҳои ҷаҳон дастаҷамъона мубориза бурда аз сиёсати дугона бояд даст кашанд.
Президанти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳомон дар суханрониҳои худ мунтазам ба он даъват менамоянд, ки бояд ҳамаи давлатҳои ҷаҳон нисбати гурўҳҳои террористӣ мавқеи оштинопазир ишѓол намуда, мубориза баранд.
Оре, терроризам – экстремизм зуҳуроти хатарнок буда, мақсади он ноором намудани фазои ҷомеа ва ташкили амалҳои харобовар мебошад.
Одинаев А. – номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ