Иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шудани Ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» асоси воқеӣ дорад

Дар таърихи навини Тоҷикистон ТТЭ ҲНИ солҳои 1990-ум бо содир кардани ҷиноятҳои террористӣ, ки дар садҳо ҷилд парвандаи ҷиноӣ бо ҳазорҳо далели шайъӣ нуҳуфтааст, номи худро пурра сиёҳ кард. Ҳар қадаре, ки хоҷагони хориҷӣ ва маблағгузорони ТТЭ ҲНИ кӯшиш кунанд ҳам, ин воқеияти таърихиро инкор кардан ё нодида гирифтан ғайриимкон аст.

Тавре мушоҳида мешавад, дар ин замина лоиҳае бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» тавлид шуд.  Суханрониҳои баландпарвоз дар бораи ин Паймон, изҳорот дар бораи ҳадафҳои он манзараи зебое беш нест. Ҳақиқат ин аст, ки имкониятҳои воқеии онҳо танҳо ба таҳқири фаъолияти мақомоти Тоҷикистон ва раҳгумсозии фазои иҷтимоӣ мерасад. Маҳз ин самти фаъолиятро роҳбари ТЭТ ҲНИ дар як вақт роҳбари паймони миллӣ ҳам ҳаст М. Кабирӣ барои пайравони худ афзалиятнок маънидод намуд: «Вазифаи асосии мо – ба мардуми тоҷик фаҳмонидани он аст, ки барои беҳтар шудани вазъият чӣ бояд кард…”

Бояд эътироф кард, ки Паймон бо мақсади пуршиддат намудани вазъи иҷтимоии ҷомеа, барҳам задани суботу амният дар мамлакат, таҳрифу бадном кардани фаъолияти мақомоти давлатии Тоҷикистон дар фазои иттилоотии ҷаҳон, омода намудани замина барои ҷалби шаҳрвандон ва истифода намудани онҳо дар фаъолияти террористӣ ба коркарди идеологии мафкураи шаҳрвандони Тоҷикистон машғул мешавад.

Самти интихобнамудаи стратегияи иттилоотӣ ва ҳадафҳои ниҳоии он бараъло маълум буда, дар порае аз суханони Кабирӣ М. оид ба омодагии Паймон баҳри ба мардуми Тоҷикистон пешниҳод намудани роҳи ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ нишон дода шудааст. Барҳам додани сохти конститутсионӣ ҳадаф, муҳтаво ва муҳаррики аслии Паймон мебошад.

Ҳамин тавр, Паймони миллӣ – ТЭТ ҲНИ аст, ки зери номи нав мехоҳад фаъолиятҳои террористии худ ва ҷиноятҳои содирнамудаашро пинҳон намояд. Аммо бояд дар хотир дошт, ки бо иваз кардани номи худ ТТЭ ҲНИ ҳадафҳои ҷиноятӣ ва алоқааш бо ташкилотҳои террористии байналмилалиро тағйир надодааст.

Маҳз аз ин сабаб коршиносон таъкид мекунанд, ки «бозии элитаи сиёсии ғарбӣ бо ТТЭ ҲНИ ва дар заминаи он ташкили созмони нав, мисли «Паймони миллӣ» метавонад натиҷаи ноустувор ва ё баръакс ба бор оварад. Дар ниҳоят террористони ТТЭ ҲНИ-и бо пули андозсупорандагони давлатҳои алоҳида ташаккул ёфта, ҳар лаҳза метавонанд аз зери назорат хориҷ шаванд ва мили силоҳро сӯйи хоҷагони худ гардонанд, ки назирашро аз таърихи амалиёти пинҳонии мақомоти махсус мушоҳида кардан мумкин аст. Дар он ҳолат ТЭТ ҲНИ ба хор ё зиребае дар дили Аврупо табдил меёбад, ки халосӣ аз он кори душвор хоҳад буд.

 

Латипов С.У. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

You might also like